Ҷамолиддин Абдуллозода ва Виктор Олшавский тақвияти ҳамкориро дар бахшҳои гуногуни тандурустӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон хуб ба роҳ монда шудааст. Ин нуктаро 2 декабр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни мулоқот бо роҳбари Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ иброз намуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот фаъолияти Намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон ва нақши ҳамоҳангсозии созмон дар ҷалби маблағҳо дар доираи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо барои татбиқи барномаҳои гуногуни соҳавӣ тавассути Хазинаи глобалӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, барномаҳои дастгирии Иттиҳоди Аврупо, муассисаҳои байналмилалии ҳукуматҳои Олмон, Ҷопон, Ҳиндустон ва кишварҳои ИДМ зарур шуморида шуд. Дастгирии минбаъдаи татбиқи қоидаҳои байналмилалии тандурустӣ, аз ҷумла таҳкими экспертизаи лабораторӣ низ махсус зикр гардид.
Инчунин масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти сафарбар намудани маблағҳо барои пешгирӣ ва табобати бемории сил тавассути Хазинаи глобалӣ ва донорҳо, тақвияти ёрии аввалини тиббию санитарӣ дар асоси принсипҳои тибби оилавӣ, бахши фармасевтӣ ва заминаи моддию техникӣ ва ғайра зимни вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба 40 нафар ятими кулли шаҳри Ҳисор либоси мактабӣ тақдим гардид
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Ҳамкории муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Туркманистон густариш меёбад
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар Душанбе Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Ҷумҳурии Қазоқистон идома доранд
Дастаи шаҳри Кӯлоб сазовори Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба футболи хурд шуд
Дар Тошканд Форуми тиҷоратии фармасевтии Узбекистону Тоҷикистон доир шуд
«ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — САРЧАШМАИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кай ва барои чӣ бояд аз муоинаи тиббӣ гузаранд?






