«ҶАНОБИ ОЛӢ ФАРЗАНДИ СИДДИҚИ* ИН КИШВАР АСТ». Чунин иброз дошт донишманди афғонтабори муқими Олмон Муҳсини Салҷуқӣ
ДУШАНБЕ, 01.12.2021/АМИТ «Ховар»/. «Ман, ки минҳайси як афғонистонӣ 7 сол шуд ба Тоҷикистон рафтуомад дорам, ҳар боре ба Душанбе дохил мешавам, тафовуте мебинам, пешрафтеро мебинам» — чунин иброз дошт Муҳсини Салҷуқӣ, коршиноси афғонтабори муқими Олмон дар суҳбат бо хабарнигори шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо».
Муҳсини Салҷуқӣ ба саволи хабарнигор дар мавриди бадкешоне, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, бо ҳар баҳона сӯи Ватани худ санг меандозанд ва ҳама рангҳои равшани кишварашон сиёҳу хира ба чашмашон мерасад, чунин гуфт:
«Як шеъри бисёр зебое ҳаст, ки [дар ] як байте аз ӯ [чунин гуфта мешавад]: «Ё кӯранд, ё карранд, ё девонаанд…». (Ба таъбири Бадриддин Ҳилолӣ, «Ё одам нест, ё аз ин олам нест» — тавз. АМИТ «Ховар»). Беш аз ин нестанд. Бояд ё кур бошанд ё кар бошанд ё девона бошанд».
Бино ба суханони коршиноси олмонӣ, дар Тоҷикистон пешрафт на танҳо дар масоили сохтмонӣ, балки дар тамоми соҳаҳо ба чаш мерасад.
«Сохтмон [дар Тоҷикистон ] воқеан дар сатҳи бисёр болое ҳаст. Ҳар рӯз месозанд. Вазъи иқтисодӣ ва зиндагии мардум беҳтар шудааст. Амнияти бисёр хуб ба ин кишвар омадааст. Фикр мекунам, ки мардуми Тоҷикистон бояд аз Афғонистон панд бигиранд. Худро дучори ин дуруғгӯён накунанд», — мегӯяд ӯ.
Муҳсини Салҷуқӣ зери мафҳуми «дурӯғгӯён» онҳоеро дар назар дорад, ки, ба қавли ӯ, «ба номи дин меоянд дурӯғ мегӯянд, мардумро истихдом* мекунанд ва баъд ба инфитоҳу* инфиҷор* мекашонанд».
«Мардуми Тоҷикистон, ба инҳо эътимод накунед! — даъват мекунад коршинос. – [маҳз] чунинҳо мардуми Афғонистонро бечора карданд».
Муҳсини Салҷуқӣ мегӯяд: «Инҳо ба исломият ва донишманд будан тазоҳур мекунанд ва ё худро равшанфикр медонанд ва [ба ин васила] мехоҳанд давлатҳоро аз байн бубаранд. Мо, мардуми Афғонистон инҳоро таҷриба кардем (ба маънии «аз таҷрибаи зиндагии худ медонем». тавз. АМИТ «Ховар»).
Коршиноси олмонӣ таъкид мекунад, ки мардуми Тоҷикистон бояд бисёр ҳушёру огоҳ бошанд. «Имрӯз Ҷаноби Олӣ воқеан ба ин кишвар [Тоҷикистон ] фарзанди сиддиқ ҳастанд ва холисона кор мекунанд. Дар ин кишвар ҳафт сол аст, ки ҳузур дорам ва хизматҳои ин бузургмардро бо чашм дидам. Мардум боястӣ мушкилоте, садди роҳе аз ин пешрафт накунанд. Фикр мекунам, ки Тоҷикистон тайи 10 соли дигар ҳеҷ фарқе аз Аврупо надошта бошад ва ҳатто шояд бо ин манозири зебое, ки Тоҷикистон дорад, аз баъзе манозири Аврупо беҳтар бошад».
Дар интиҳои суҳбат Муҳсини Салҷуқӣ дар шарҳи он чӣ дар иртибот ба Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, зикр намуд, шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ба ин ҷо рафтуомад дорад ва ба ин хотир ин ҳарфҳоро мезанад. «Албатта чунин нест. – таъкид месозад ӯ. — Агар ман ин ҷо кадом хатое, ҳарфи харобе ё кори харобе медидам, ҳатман рӯи ин дурбин мегуфтам ва ҳиҷ ҳаросе ҳам надоштам. Ва имрӯз ҳам ҳеҷ ҳаросе надорам ва мегӯям, ки зинда бод Эмомалӣ Раҳмон, ки барои миллат ва мардуми худ хидматгузор аст!».
____________________
*Сиддиқ — содиқ, садоқатманд, вафодор, ростқавл
*Истихдом — талаби хидмат кардан, хидмат чустан, хидмат хостан. Барои мисол: «Ҳама халқ истихдому тааббуд хоҳанд ва худро сазовори он шиносанд». «Ахлоқи Муҳсинӣ».
*Инфитоҳ, инфиҷор – таркиш, таркидан








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






