«ҶАНОБИ ОЛӢ ФАРЗАНДИ СИДДИҚИ* ИН КИШВАР АСТ». Чунин иброз дошт донишманди афғонтабори муқими Олмон Муҳсини Салҷуқӣ

Декабрь 1, 2021 17:26

ДУШАНБЕ, 01.12.2021/АМИТ «Ховар»/. «Ман, ки минҳайси як афғонистонӣ 7 сол шуд ба Тоҷикистон рафтуомад дорам, ҳар боре ба Душанбе дохил мешавам, тафовуте мебинам, пешрафтеро мебинам» — чунин иброз дошт Муҳсини Салҷуқӣ, коршиноси афғонтабори муқими Олмон дар суҳбат бо хабарнигори шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо».

Муҳсини Салҷуқӣ ба саволи хабарнигор дар мавриди бадкешоне, ки дар хориҷ аз кишвар ба сар бурда, бо ҳар баҳона сӯи Ватани худ санг меандозанд ва ҳама рангҳои равшани кишварашон сиёҳу хира ба чашмашон мерасад, чунин гуфт:

«Як шеъри бисёр зебое ҳаст, ки [дар ] як байте аз ӯ  [чунин гуфта мешавад]: «Ё кӯранд, ё карранд, ё девонаанд…». (Ба таъбири Бадриддин Ҳилолӣ, «Ё одам нест, ё аз ин олам нест» — тавз. АМИТ «Ховар»). Беш аз ин нестанд.  Бояд ё кур бошанд ё кар бошанд ё девона бошанд».

Бино ба суханони коршиноси олмонӣ, дар Тоҷикистон пешрафт на танҳо дар масоили сохтмонӣ, балки дар тамоми соҳаҳо ба чаш мерасад.

«Сохтмон [дар Тоҷикистон ] воқеан дар сатҳи бисёр болое ҳаст. Ҳар рӯз месозанд. Вазъи иқтисодӣ ва зиндагии мардум беҳтар шудааст. Амнияти бисёр хуб ба ин кишвар омадааст. Фикр мекунам, ки мардуми Тоҷикистон бояд аз Афғонистон панд бигиранд. Худро дучори ин дуруғгӯён накунанд», — мегӯяд ӯ.

Муҳсини Салҷуқӣ зери мафҳуми «дурӯғгӯён» онҳоеро дар назар дорад, ки, ба қавли ӯ, «ба номи дин меоянд дурӯғ мегӯянд, мардумро истихдом* мекунанд ва баъд ба инфитоҳу* инфиҷор* мекашонанд».

«Мардуми Тоҷикистон, ба инҳо эътимод накунед!  — даъват мекунад коршинос. – [маҳз] чунинҳо мардуми Афғонистонро бечора карданд».

Муҳсини Салҷуқӣ мегӯяд: «Инҳо ба исломият ва донишманд будан  тазоҳур мекунанд ва ё худро равшанфикр медонанд ва [ба ин васила] мехоҳанд давлатҳоро аз байн бубаранд. Мо, мардуми Афғонистон инҳоро таҷриба кардем (ба маънии «аз таҷрибаи зиндагии худ медонем». тавз. АМИТ «Ховар»).

Коршиноси олмонӣ таъкид мекунад, ки мардуми Тоҷикистон бояд бисёр ҳушёру огоҳ бошанд. «Имрӯз Ҷаноби Олӣ воқеан ба ин кишвар [Тоҷикистон ] фарзанди сиддиқ ҳастанд ва холисона кор мекунанд. Дар ин кишвар ҳафт сол аст, ки ҳузур дорам ва хизматҳои ин бузургмардро бо чашм дидам.  Мардум боястӣ мушкилоте, садди роҳе аз ин пешрафт накунанд.  Фикр мекунам, ки Тоҷикистон тайи 10 соли дигар ҳеҷ фарқе аз Аврупо надошта бошад ва ҳатто шояд бо ин манозири зебое, ки Тоҷикистон дорад, аз баъзе манозири Аврупо беҳтар бошад».

Дар интиҳои суҳбат Муҳсини Салҷуқӣ  дар шарҳи он чӣ дар иртибот ба Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, зикр намуд, шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки ба ин ҷо рафтуомад дорад ва ба ин хотир ин ҳарфҳоро мезанад. «Албатта чунин нест. – таъкид месозад ӯ. — Агар ман ин ҷо кадом хатое, ҳарфи харобе ё кори харобе медидам, ҳатман рӯи ин дурбин мегуфтам ва ҳиҷ ҳаросе ҳам надоштам. Ва имрӯз ҳам ҳеҷ ҳаросе надорам ва мегӯям, ки зинда бод Эмомалӣ Раҳмон, ки барои миллат ва мардуми худ хидматгузор аст!».

____________________

*Сиддиқ — содиқ, садоқатманд, вафодор, ростқавл

*Истихдом — талаби хидмат кардан, хидмат чустан, хидмат хостан. Барои мисол: «Ҳама халқ истихдому тааббуд хоҳанд ва худро сазовори он шиносанд». «Ахлоқи Муҳсинӣ».

*Инфитоҳ, инфиҷор – таркиш, таркидан

Декабрь 1, 2021 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид