Ба 2500 нафар кӯдакони ятиму бепарастори пойтахт аз номи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии кӯдаконаи солинавӣ таҳти унвони «Бозгашти Хоҷа Насриддин» доир гардид, ки дар он 1900 кӯдаки ятим, нимятим, аз оилаҳои ниёзманд ва наврасони фаъоли пойтахт иштирок намуданд. Ба беш аз 2500 нафар тамошобинон ва иштирокдорони барномаи фарҳангӣ туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тақдим карда шуданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Толори Сирки давлатӣ ба тарзи хосса оро дода шуда, дар он рамзи асосии Соли нави мелодӣ – арча насб гардида буд.
Зимни ифтитоҳи намоиш муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба муносибати Соли нави мелодии 2022 ба тамоми кӯдакону наврасони пойтахт расонид.
Мавсума Муинӣ зикр намуд, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва зиндагӣ, тарбияи насли солиму бардам ва худшиносу худогоҳ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятим аҳамияти аввалиндараҷа дода, мунтазам тадбирҳои зарурӣ меандешад.
-Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, баҳри парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеъа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд. Дар ин росто, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳри таъмини дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсилоти босифат, ҳифзи тандурустиву барқарорсозии саломатӣ ва бо мақсади рушди ҷисмонӣ ва фароғату роҳати онҳо шароити созгорро фароҳам оварда, барои дастгирӣ ва ҳавасманднамоии наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод пайваста як зумра озмуну фестивал ва мусобиқаву чорабиниҳои фарҳангиву маърифатиро бо иштироки бевоситаи кӯдакон доир менамояд. Барномаи имрӯзаи солинавӣ низ аз ҷумлаи ин тадбирҳост, — таъкид намуд муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ.
Намоиши фарҳангӣ – фароғатии кӯдаконаи солинавии «Бозгашти Хоҷа Насриддин» бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Соли нави мелодии 2022 ва фароҳам овардани шароити мусоиди фароғатӣ барои наврасони пойтахт баргузор карда шуд.
Намоиши мазкур бо ороиши афсонавӣ пешкаш гардида, он аз ҷониби ансамблҳои рақсии кӯдаконаи «Ғунчаҳои пойтахт», «Лаъл», «Меҳрона», «Гулрез», «Зебо», шогирдони Мактаб – интернати махсуси мусиқии ба номи Миратулло Атоев, дастпарварони Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, Сирки давлатӣ ва дигар марказҳои фарҳангиву таҳсилотии пойтахт пешниҳод гардид.
Бо пешниҳоди барномаи мазкур ҳунармандон, ки қаҳрамонҳои гуногуни афсонавиро васф мекарданд, иштирокчиёни хурдсолро ба дунёи рангини тахайюл ва афсонаҳои кӯдакии худ ворид намуданд. Шодию хурсандии иштирокчиён ва ҳунармандони хурдсолро туҳфаҳои солинавии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дучанд гардонид.
Ёдовар мешавем, ки дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат чун анъана аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рӯзҳои охири соли 2021 ва фарорасии соли нави мелодии 2022 ба зиёда аз 11 ҳазор нафар, аз ҷумлаи ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳои идона тақдим карда шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»












«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид






