«Бонки Эсхата» ва БАТР ба рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд

Декабрь 21, 2021 10:14

ДУШАНБЕ, 21.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар доираи барномаи «Занҳо дар тиҷорат», ки дар шарикӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) амалӣ мегардад, бо занони соҳибкор мулоқот доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Бонки Эсхата».

Барнома ба занони соҳибкор тавассути фароҳам овардани дастрасӣ ба дастгирии молиявӣ ва технологӣ, ки барои пешрафти тиҷорат заруранд, мусоидат мекунад.

Дар ин мулоқот беш аз 30 нафар занони соҳибкор ва дигар меҳмонон аз вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Узви Раёсати «Бонки Эсхата» Заррина Ғаниева доир ба ҳадафи баргузории мулоқот изҳори андеша кард.

Дар мулоқот иштирокдорон, аз ҷумла раиси ҶДММ «Аудит Консалтинг» Шӯҳрат Хоҷаев ва ҳуқуқшиноси бонк Камолҷон Ғафуров машваратҳои ҳуқуқӣ доданд. Намояндагони БАТР Малика Абдулвасиева ва Нигора Давлатова дар бораи барномаи «Занҳо дар тиҷорат» сухан гуфта, бартарӣ ва имконияти ин барномаро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.

Яке аз лаҳзаҳои ҷолиб баромади соҳибкорзани муваффақи соҳаи маориф Умеда Гадайбоева буд, ки маркази забономӯзии «Аркон»-ро таъсис додааст. Ӯ оид ба таърихи таъсиси фаъолияти соҳибкорӣ, оид ба мушкилиҳое, ки рӯбарӯ шуда буд ва чӣ гуна он монеаҳоро паси сар карда, яке аз марказҳои маъруф ва муваффақи омӯзиши забонҳои хориҷиро таъсис дод, нақл кард.

Дар охир аз ҷониби ташкилкунандагони вохӯрӣ лотерея гузаронида шуда, ғолибон аз ҷониби «Бонки Эсхата» туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома барои иштироки фаъолона гирифтанд.

Нақши занҳо дар зиндагӣ ва тиҷорат торафт афзуда, инкишоф меёбад. Муносибати масъулиятнок ба тиҷорат барои ноил шудан ба муваффақият, рушди доимии худ, густариши дониш ва малакаи корӣ ба занони соҳибкор барои муваффақ шудан кумак мекунад. Танҳо занҳои фаъол, пурғайрат ва соҳибмаълумот ба худ боварӣ пайдо карда, дар фаъолияти худ далерона пеш рафта метавонанд. Барномаи «Занҳо дар тиҷорат» аз ҷумлаи барномаҳое мебошад, ки ба пешрафти тиҷорати занони соҳибкори тоҷик мусоидат мекунад.

Муяссара Сатторова, мизоҷи ҶСК «Бонки Эсхата» бонуи соҳибкори муваффақ аст. Муяссара тавонист, ки тиҷорати шахсии худро ба роҳ монад ва дар Хуҷанд сехи қаннодии «Маҳина»-ро кушод. Имрӯзҳо ба маҳсулоти ин коргоҳ талабот зиёд буда, мизоҷон таъми махсус ва сифати маҳсулоти қаннодиро зикр мекунанд.

«Зиёда аз 10 сол боз дар ин соҳа кор мекунам. Бо мурури замон хоҳишмандони харидории маҳсулоти ман зиёд шуданд, фурсати васеъ намудани тиҷоратам фаро расид ва ман аз «Бонки Эсхата» дар намуди қарзи имтиёзнок кумаки молиявӣ ва машварату омӯзиши ройгон гирифтам, ки ба шарофати он фаъолияти худро васеъ ва муваффақ намудам. 3 сол мешавад, ки маҳсулоти сехи қаннодии ман миёни  мизоҷонам серталаб аст”,- зикр кард Муяссара Сатторова дар назди занони соҳибкор.

Барномаи “Занҳо дар тиҷорат” бори нахуст моҳи сентябри соли 2017 дар Тоҷикистон аз ҷониби БАТР роҳандозӣ шуда, Бонки Эсхата аввалин шарики ҳамин барнома гардид, ки ба маблағи 1 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда шуд. Пас аз татбиқи бомуваффақият бонк бо дастгирии БАТР ба узвияти барномаи «Занҳо дар тиҷорат» дар Осиёи Марказӣ шомил шуда, ба маблағи 2 миллион доллар созишнома ба имзо расонид, ки дар доираи он аллакай ба пешниҳоди маблағи қарз барои дастгирии соҳибкории занон шурӯъ кард.

Бонк то имрӯз маҳсулоти қарзии «Имкон»-ро, ки махсус дар доираи барномаи «Занҳо дар тиҷорат» таҳия шудааст, бомуваффақият амалӣ менамояд. Ҳаҷми қарзҳои пешниҳодшуда барои дастгирии соҳибкории занон беш аз 100 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар ин самт бонк зиёда аз 1800 нафар бонувонро дастгирӣ намудааст.

АКСҲО аз «Бонки Эсхата»

Декабрь 21, 2021 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1085 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2000 то 10.5553 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2509 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.3000 то 10.6192 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2499 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1094 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2523 сомонӣ муқаррар шудааст