«Бонки Эсхата» ва БАТР ба рушди соҳибкории занон дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд

Декабрь 21, 2021 10:14

ДУШАНБЕ, 21.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 20 декабр дар ҶСК «Бонки Эсхата» дар доираи барномаи «Занҳо дар тиҷорат», ки дар шарикӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) амалӣ мегардад, бо занони соҳибкор мулоқот доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Бонки Эсхата».

Барнома ба занони соҳибкор тавассути фароҳам овардани дастрасӣ ба дастгирии молиявӣ ва технологӣ, ки барои пешрафти тиҷорат заруранд, мусоидат мекунад.

Дар ин мулоқот беш аз 30 нафар занони соҳибкор ва дигар меҳмонон аз вилояти Суғд ширкат варзиданд.

Узви Раёсати «Бонки Эсхата» Заррина Ғаниева доир ба ҳадафи баргузории мулоқот изҳори андеша кард.

Дар мулоқот иштирокдорон, аз ҷумла раиси ҶДММ «Аудит Консалтинг» Шӯҳрат Хоҷаев ва ҳуқуқшиноси бонк Камолҷон Ғафуров машваратҳои ҳуқуқӣ доданд. Намояндагони БАТР Малика Абдулвасиева ва Нигора Давлатова дар бораи барномаи «Занҳо дар тиҷорат» сухан гуфта, бартарӣ ва имконияти ин барномаро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.

Яке аз лаҳзаҳои ҷолиб баромади соҳибкорзани муваффақи соҳаи маориф Умеда Гадайбоева буд, ки маркази забономӯзии «Аркон»-ро таъсис додааст. Ӯ оид ба таърихи таъсиси фаъолияти соҳибкорӣ, оид ба мушкилиҳое, ки рӯбарӯ шуда буд ва чӣ гуна он монеаҳоро паси сар карда, яке аз марказҳои маъруф ва муваффақи омӯзиши забонҳои хориҷиро таъсис дод, нақл кард.

Дар охир аз ҷониби ташкилкунандагони вохӯрӣ лотерея гузаронида шуда, ғолибон аз ҷониби «Бонки Эсхата» туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома барои иштироки фаъолона гирифтанд.

Нақши занҳо дар зиндагӣ ва тиҷорат торафт афзуда, инкишоф меёбад. Муносибати масъулиятнок ба тиҷорат барои ноил шудан ба муваффақият, рушди доимии худ, густариши дониш ва малакаи корӣ ба занони соҳибкор барои муваффақ шудан кумак мекунад. Танҳо занҳои фаъол, пурғайрат ва соҳибмаълумот ба худ боварӣ пайдо карда, дар фаъолияти худ далерона пеш рафта метавонанд. Барномаи «Занҳо дар тиҷорат» аз ҷумлаи барномаҳое мебошад, ки ба пешрафти тиҷорати занони соҳибкори тоҷик мусоидат мекунад.

Муяссара Сатторова, мизоҷи ҶСК «Бонки Эсхата» бонуи соҳибкори муваффақ аст. Муяссара тавонист, ки тиҷорати шахсии худро ба роҳ монад ва дар Хуҷанд сехи қаннодии «Маҳина»-ро кушод. Имрӯзҳо ба маҳсулоти ин коргоҳ талабот зиёд буда, мизоҷон таъми махсус ва сифати маҳсулоти қаннодиро зикр мекунанд.

«Зиёда аз 10 сол боз дар ин соҳа кор мекунам. Бо мурури замон хоҳишмандони харидории маҳсулоти ман зиёд шуданд, фурсати васеъ намудани тиҷоратам фаро расид ва ман аз «Бонки Эсхата» дар намуди қарзи имтиёзнок кумаки молиявӣ ва машварату омӯзиши ройгон гирифтам, ки ба шарофати он фаъолияти худро васеъ ва муваффақ намудам. 3 сол мешавад, ки маҳсулоти сехи қаннодии ман миёни  мизоҷонам серталаб аст”,- зикр кард Муяссара Сатторова дар назди занони соҳибкор.

Барномаи “Занҳо дар тиҷорат” бори нахуст моҳи сентябри соли 2017 дар Тоҷикистон аз ҷониби БАТР роҳандозӣ шуда, Бонки Эсхата аввалин шарики ҳамин барнома гардид, ки ба маблағи 1 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда шуд. Пас аз татбиқи бомуваффақият бонк бо дастгирии БАТР ба узвияти барномаи «Занҳо дар тиҷорат» дар Осиёи Марказӣ шомил шуда, ба маблағи 2 миллион доллар созишнома ба имзо расонид, ки дар доираи он аллакай ба пешниҳоди маблағи қарз барои дастгирии соҳибкории занон шурӯъ кард.

Бонк то имрӯз маҳсулоти қарзии «Имкон»-ро, ки махсус дар доираи барномаи «Занҳо дар тиҷорат» таҳия шудааст, бомуваффақият амалӣ менамояд. Ҳаҷми қарзҳои пешниҳодшуда барои дастгирии соҳибкории занон беш аз 100 млн сомониро ташкил медиҳад. Дар ин самт бонк зиёда аз 1800 нафар бонувонро дастгирӣ намудааст.

АКСҲО аз «Бонки Эсхата»

Декабрь 21, 2021 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.7324 то 11.8000 сомонӣ муқаррар шудааст
«Alvarez & Marsal Middle East» ба низоми бонкии Тоҷикистон хизматрасонии машваратӣ пешниҳод менамояд
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор баррасӣ шуд
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои «Moody’s Investors Service» ва «De La Rue» масъалаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дурнамои макроиқтисодӣ бо назардошти номуайяниҳо дар бозори молиявӣ дар форуми Вашингтон баррасӣ гардид
Дар Душанбе қоидаҳо ва расмиёти идоракунии харид ва молия зимни татбиқи лоиҳаҳо шарҳ дода шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1183 то 0.1200 сомонӣ муқаррар шудааст
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ «Амонатбонк» дар Муъминобод ҳамоиш доир намуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1171 то 0.1180 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.6327 то 11.7200 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид