Дар ДМТ ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар оғози ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ дастовардҳои раёсат ва комёбиҳои илмии чанде аз устодону кормандон зимни супоридани дипломҳои номзадию докторӣ муаррифӣ шуданд. Ҳамзамон дастаи ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ва роҳбарони онҳо бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДМТ.
Дар идомаи ҷаласа аъзои дастаи варзишгарони донишгоҳ, ки дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз намудҳои гуногуни варзиш иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд, муаррифӣ ва ҳавасманд гардонида шуданд.
Зимнан ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро барои иштироки фаъол дар барномаҳои илмию маърифатӣ ва дастовардҳои тозаи илмияшон самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳо таманно намуд.
АКС: ДМТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






