Дар Душанбе барномаҳои фарҳангии солинавӣ дар доираи маҳдуд гузаронида мешаванд
ДУШАНБЕ, 24.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 28-29 декабр дар Сирки давлатии Тоҷикистон барои кӯдакон ва наврасон таҳти унвони «Афсонаи солинавӣ» намоиши сиркӣ доир шуда, ҳамчунин аз рӯи асари нависандаи машҳур Темур Зулфиқоров барномаи театрии «Бозгашти Хоҷа Насриддин» намоиш дода мешавад. Дар ин бора сардори шуъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ Шоҳиён ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба зикри мавсуф, барномаи мазкур рӯзи аввал ба кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюбон пешкаш гардида, рӯзи дуюм барои кӯдакону наврасони пойтахт ва дӯстдорони санъати сиркӣ намоиш дода мешавад.
Тавре иттилоъ дода шуд, имсол бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории сироятии COVID–19, эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сирояти COVID-19 дар шаҳри Душанбе барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ гузаронида намешавад.
Ҳамчунин дар шаби соли нав паронидани мушак дар маркази шаҳр ва чор ноҳияи пойтахт манъ гардида, тибқи нақша, барномаҳои фарҳангию фароғатӣ дар ин ноҳияҳо танҳо дар ҳудуди боғчаҳо барои кӯдакон баргузор мешаванд.
Ба зикри сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, гузоштани арчаи солинавӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимӣ манъ буда, барномаҳои фарҳангии идона танҳо дар доираи дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки соли нави мелодӣ таърихи куҳан дошта, дар қисмати зиёди ҷаҳон онро таҷлил менамоянд. Ин солшуморӣ аз дувоздаҳ моҳ иборат буда, соли 46 то мелод, яъне 2056 сол пеш, императори Рум Юлий Сезар якуми январро рӯзи аввали соли нав эълон намуда буд.
Анъанаи таҷлили соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ибтидо мегирад. Шурӯъ аз солҳои аввали таъсиси Тоҷикистони шӯравӣ то ҳоло якуми январ ҳамчун оғози соли нави мелодӣ ҷашн гирифта мешавад.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






