Дар Душанбе оид ба баррасии барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва натиҷагирии онҳо” конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёту ҷомеашиносӣ, коршиносон ва рӯзноманигорони расонаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд, хабар доданд аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС) ба АМИТ “Ховар”.
Зимни ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ иброз дошт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатияшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021-умро барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – 30-солагии Истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон шинохта, иброз намуданд, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.
«Бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 дарсад расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 дарсад коҳиш дода шавад»,- афзуд Х.Зиёӣ.
Хуршед Зиёӣ ҳадафи конфронсро арзёбии вазъи кунунӣ ва корбурди тавсияҳои амалӣ доир ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, изҳори боварӣ намуд, ки олимону мутахассисони дар ин конфронс ширкатдошта равандҳои гуногуни рушди иқтисодиёти кишварамонро пурра таҳлилу таҳқиқ намуда, дар ҷамъбасти конфронс тавсияҳои муфид пешниҳод менамоянд.
Дар ҳамоиш мавзӯъҳо бахшида ба “Самтҳои стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ дар доираи ҳадафҳои миёнамуҳлат”, “Натиҷаҳои инфрасохтори рушди минтақаҳои кишвар дар доираи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2016–2020”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳадафҳо ва иҷрои онҳо”, “Иҷрои барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016–2020” ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКСҲО аз МТС








Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид






