Дар шаҳри Кӯлоб филиали КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид

Декабрь 19, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 19.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр дар шаҳри Кӯлоб  маросими кушодашавии филиали корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид, иттилоъ додан аз маркази матбуоти КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» ба АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитохи филаили мазкур раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Ҳокимшҳо Бобозода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки ба фаъолият оғоз намудани филиалҳои Бонк дар доираи дастуру супоришҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи Нақшаи кории Бонк дар соли 2021 сурат гирифта, ифтитоҳи филиалҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ дар назар дошта шудааст.

Филиали мазкур моҳияти минтақавӣ дошта, аз 5 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла, мудир, шуъбаи ҳисобдорӣ, қарзӣ ва қисми амалиятӣ иборат аст.

Бояд гуфт, ки бо кушода шудани филиали мазкур 12 нафар мутахассисони ботаҷрибаи маҳалӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Филилаи Бонк дар минтақа ҷиҳати афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ ба бахши соҳибкории истеҳсолӣ нақши муҳим бозида, барои корхонаҳои навтаъсис, амалкунанда, соҳибкорони инфиродӣ, банду баст ва нигоҳдории молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда заминаи мусоид хоҳад гузошт.

АКС аз маркази матбуоти КВД БССТ «Саноатсодиротбонк»

Декабрь 19, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд