Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин бонк.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Парчами давлатӣ симои миллии ҳар давлатро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Пос доштан ва ҳимоя намудани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимояи Ватан, таъриху суннатҳои халқу мамлакати худ аст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода гуфт, ки «мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзую омоли худ медонад. Парчами давлатӣ на танҳо рамзи соҳибистиқлолии мамлакат, балки таҷассумгари таъриху фарҳанг, ҳувияти миллӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад».
Таъкид шуд, ки эҳтиром ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ба миллату давлат ва таърихи пурифтихори он ба шумор меравад. Он дар тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши калон дорад. Парчами давлатӣ ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои миллӣ ҳидоят менамояд.
Дар ҷараёни ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оид ба аҳамияти таърихию сиёсии Парчами давлатӣ, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолият сухан гуфт. Иброз гардид, ки «таърихи парчамдорӣ дар сарзамини тоҷикон решаҳои амиқи таърихӣ дошта, аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ парчам ҳамчун рамзи қудрат, шуҷоат, озодӣ ва муттаҳидии мардум ёд мешавад. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин анъанаи таърихӣ Дирафши Ковиёнӣ мебошад, ки дар ривоятҳои миллӣ ҳамчун рамзи мубориза барои адолат, озодӣ ва истиқлолият ҷойгоҳи хос дорад. Ин мероси таърихӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки эҳтиром ба рамзҳои миллӣ дар фарҳанги давлатдории ниёгони мо мақоми баланд доштааст».
Дар доираи ин ҳамоиш намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи бонкдории мамлакат пешниҳод гардиданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел дохил шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1121 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд






