ДАРАХТ БИНШОН! Дар мавзеи «Чойхонаи миллӣ»-и Ҳисор беш аз 500 бех ниҳоли дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи маъракаи ниҳолшинонӣ дар ду қисмати роҳи асосӣ, ки ба маркази шаҳри Ҳисор мепайванданд ва дар мавзеи «Чойхонаи миллӣ» беш аз 500 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва ободонӣ кормандони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаи хоҷагии коммуналӣ, корхонаву ташкилот ва муассисаҳои таълимӣ, дар маҷмӯъ беш аз 300 нафар фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ гузоштанд.
Давоми мавсими сабзазоркунию ободонӣ шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ дар тамоми минтақаҳои шаҳри Ҳисор пешбинӣ гардидааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд






