ДАРАХТ БИНШОН. Дар мавзеи партовгоҳи ҷумҳуриявии заҳрхимикатҳо дар Вахш беш аз 3000 бех ниҳол шинонида шуд

Декабрь 1, 2021 10:14

ДУШАНБЕ, 01.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар мавзеи партовгоҳи заҳрхимикатҳои ҷумҳуриявии ноҳияи Вахш беш аз 3 000 бех ниҳоли  дарахтони сояафкани ба иқлими гарм ва камоби ин минтақа тобовар шинонида шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин тадбир бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикони рушд дар мавсими ниҳолшинонӣ бо мақсади сабзу хуррам намудани муҳити атроф андешида шуд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти Хатлон, кормандони соҳа аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят, ихтиёриёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пешсаф» аз шаҳри Душанбе ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.

Шинонидани ниҳолҳо бо тартибу риояи қоидаҳои тавсиянамудаи мутахассисон ба роҳ монда шуда, барои таъмини нигоҳубини минбаъдаи онҳо аз масофаи 5 км хатти об кашонида шудааст.

Тавре масъулин иброз намуданд сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда дар оянда метавонад ба таъмини беҳдошти муҳити зист ва зебоии ин мавзеъ мусоидат намояд.

Бо ташаббуси Кумита баҳри ҳифзу беҳдошти муҳити атроф тавассути сабзазоркунӣ ҳамасола чунин тадбирҳо андешида шуда,  дар баробари шафати роҳҳо, боғу гулгаштҳо, оромгоҳҳо, ҳамзамон дар ҳудуди чунин мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда низ ниҳолони сояафкану ҳамешасабз шинонида мешаванд.

АКСҲО: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Декабрь 1, 2021 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
«БА ДАРАХТОН ОБ ДИҲЕД!». Таҳти ин унвон Кумитаи иҷроияи Ҳизиб Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино маъракаи ҳизбӣ мегузаронад
Зиёда аз 4 ҳазор дарахтони ороишию мевадиҳандаи боғи навбунёди ноҳияи Мурғоб зимистони сардро бе зарар гузарониданд
Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд