Евразия Daily: Кувайт ба Тоҷикистон дар рушди гидроэнергетика кумак менамояд
ДУШАНБЕ, 07.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ-ал Ғоним масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хабаргузории Евразия Daily бо истинод ба хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
«Тоҷикистон ҷонибдори тавсеа ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту бародари Кувайт ва манфиатдори рушди ҳамкорӣ бо муассисаи муҳими молиявии он — Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб мебошад», — иқтибос овардааст агентӣ суханони Сарвари Тоҷикистонро, ки зимни мулоқот гуфта шуданд.
Дар иттилоия гуфта мешавад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ал-Ғоним ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ, аз ҷумла татбиқи тарҳҳои гидроэнергетикӣ, инчунин металлургияи ранга, саноати сабук ва хӯрокворӣ, сохтмон, роҳу коммуникатсия ва сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Бахшҳои судманди шарикӣ миёни ду давлатро ҷонибҳо мусоидат дар амалисозии барномаҳои инфиродӣ дар самтҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, инчунин истихроҷ ва коркарди маъданҳо номиданд.
Саҳми Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисодии кишварҳои араб дар маблағгузории якчанд лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла амалӣ намудани 5 лоиҳа дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика, ки аз соли 2001 сурат мегирад, назаррас арзёбӣ гардид.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ал-Ғоним аз баргузории ҳамоиши соҳибкорон дар Тоҷикистон ва Кувайт, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ҷонибдорӣ карданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд






