Кордори Сафорати Чин аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон боздид намуд

Декабрь 15, 2021 15:44

ДУШАНБЕ, 15.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҳамкории Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон Кордори Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Чэн Дайвэн аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон боздид намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази мазкур.

Инчунин Чэн Дайвэн  аз Маркази омӯзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» дидан намуда, барои устодону кормандон ва донишҷӯёну магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушод гузаронид.

Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки соли 2021 барои миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон таърихӣ ва пурмасъулият мебошад. Чун дар ин сол мо дар баробари таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ раёсатро дар ду созмони бонуфузи ҷаҳонӣ бар уҳда доштем, ки яке Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва дигар Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Созмони Ҳамкории Шанхай аз ҷумлаи созмонҳои минтақавию ҷаҳонист, ки маҳз барои ҳамкориву ҳамгироӣ ва ҳалли қазияҳои меҳварии давлатҳои ҷануби Осиё, Осиёи Марказӣ ва дигар манотиқ таъсис ёфтааст.

«Новобаста аз он ки созмони мазкур ҷавон аст, дар 20 соли фаъолият тавонист давраи рушдро бомуваффақият гузашта, дар фазои истиқлоли давлатҳои аъзо имконияти зиёдеро таъмин созад. Ҳамин тавр иштироки фаъоли Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, пайгирии манфиатҳои мамлакат дар доираи он ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ самаранок амалӣ карда шаванд ва рушди иқтисодӣ ва ояндаи дурахшон барои мардуми ватанамон таъмин гардад. Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз аввалин давлатҳои ҷаҳон аст, ки истиқлолияти давлатии мамлакати моро расман эътироф намуда, бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор карда буд. Тӯли солҳо ҳарду давлат баъди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ дар соҳаҳои асосии ҳамкории дуҷониба натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Рушди ҳамкории бисёрҷониба ва мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор меравад. Заминаи қавии шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба асоси боэътимоди таҳкими минбаъдаи мушорикати стратегӣ дар ҳамаи самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистону Чин маҳсуб меёбад»,- афзуд Абдухалил Ғафурзода.

Сипас Кордори Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ба ҳозирин дарси кушод гузаронида, дар доираи он вобаста ба фаъолияти Созмон ва натиҷаҳои Шӯрои навбатии сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ибрози андеша намуд. Зикр шуд, ки  робитаҳо байни халқҳои тоҷику чин ба умқи қарнҳо расида, ҳанӯз аз даврони қадим халқҳои тоҷику чин миёни якдигар робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ доштанд.

Дар анҷоми ташрифи расмӣ вохӯрии Кордори Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон бо роҳбарияти Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон доир гардида, ҷонибҳо марбут ба дурнамои фаъолияти Марказ, ташаббусҳои он ва ҳамкории Марказ бо Котиботи СҲШ сухан гуфтанд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон аз моҳи феврали соли 2021 фаъолият менамояд. Дар тӯли 9 моҳи фаъолияти Марказ якчанд ҷамъомадҳои илмӣ-амалӣ ва фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки заминаи асосии мустаҳкам гардидани пояҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзои СШҲ мебошанд.

Барои рушди фаъолияти Марказ шарикони хориҷӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкории тарафайн барои ҷиҳозонидани утоқҳои корӣ ба Марказ ба маблағи 529 331 сомонӣ таҷҳизоти техникӣ кумак намуд.

АКСҲО: Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон

Декабрь 15, 2021 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст
Сокинони ноҳияи Файзобод дар заминҳои наздиҳавлигӣ бештар картошка парвариш менамоянд