Маҳмадтоир Зокирзода ва Виктор Денисенко оид ба рушди ҳамкории мутақобила суҳбат намуданд

Декабрь 23, 2021 10:01

ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба  АМИТ «Ховар».

 Раиси Парлумони касбии мамлакат Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки бо шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи Сарони ду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко барои рушди ҳамкории мутақобила заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.

«Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 90 шартномаю созишномаҳо ба имзо расидаанд, ки имкон медиҳанд ҳамкории судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро бомуваффақият инкишоф диҳанд»,-афзуд Раиси Парлумон.

Ҳамзамон Маҳмадтоир Зокирзода афзуд, ки ҳуҷҷатҳои бунёдие, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро муайян мекунанд, Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкории байни ду давлат, ки 5 апрели соли 2000 ба имзо расидааст ва Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз 27 июни соли 2000 ба ҳисоб мераванд.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин гуфт, ки «эътимоди мутақобилаи сиёсӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Беларус ба сатҳи баланди бесобиқа расидааст. Мисоли ин ҳамкории бошиддат ривоҷёбандаи байниминтақавӣ байни вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ду кишвар шуда метавонад. Созишномаҳо оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ миёни вилоятҳои Витебск ва Суғд, Минск ва Суғд, Гомелу Хатлон, Минск ва Душанбе, ноҳияҳои Ёвон ва Узден, Созишномаи ҳамкорӣ байни вилоятҳои Могилев ва Суғд, ки ба имзо расидаанд, нишонаи олии ҳамкории ду кишвар мебошад. Имконияти бастани чунин созишномаҳо миёни дигар субъектҳои ҳудудии Беларус ва Тоҷикистон баррасӣ мешавад».

АКС: Маҷлиси намояндагон

Декабрь 23, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд