ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. 28-29 декабр дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон эҳтимоли фаромадани тарма дар назар аст
ДУШАНБЕ, 28.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 28 ва 29 декабр дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Дар робита ба номусоид шудани вазъи ҳаво ва фаромадани тарма Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки 29 декабр дар як қатор ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қаламрави ВМКБ хатари лағзиши тарма ҳифз мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат ба мавзеъҳои тармарез худдорӣ кунанд ва ба ғунучини ҳезум ва шикор низ нараванд.
Инчунин аз кулли аҳолии мамлакат, ки дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ зиндагонӣ мекунанд, хоҳиш менамояд, ки бисёр ҳушёр ва бодиққат бошанд. Бахусус, фарзандони худро назорат кунанд, кӯдакон ва наврасонро танҳо нагузоранд, ки аз хонаву ҳавлӣ берун шаванд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар дар бораи вазъи роҳҳо хабардор шаванд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҷиддан қоидаҳои бехатариву амниятиро риоя кунанд. Риояи фосилаи байни мошинҳо гарави аслии сафари бехатару амн аст.
АКС аз КҲФ








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






