«РОЗИ ФАЛАК». Дар Кӯлоб бахшида ба ҷаҳонишавии ин мероси фарҳангӣ барномаи тантанавӣ доир шуд
КӮЛОБ, 25.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба эътироф шудани санъати фалак ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ аз ҷониби ЮНЕСКО барномаи бошукӯҳ баргузор гардид, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар».
Нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакан, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ дидан намуда, дар рӯнамои китоби “Фалак- сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ”, ки бахшида ба ҷаҳонишавии фалак рӯи чоп омадааст, иштирок варзиданд.
Барномаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардида, дар ин рӯз иштирокчиён аз тамошои лавҳаҳо ва наворҳои видеоӣ аз ҷараёни қабулшавии жанри фалак дар Юнеско ва филмҳои омоданамудаи фарҳангшиносон баҳра бардоштанд.
Дар маросими расмӣ бахшида ба эътироф шудани фалак ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода изҳор дошт, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату Ҳукумати кишвар, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон диққати хосса медиҳанд.
“Маҳз ба туфайли заҳмату талошҳои Сарвари давлат соли 2021 9 мавзеи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Аз ҷумла, 15 декабри соли 2021 дар сессияи 16-уми Кумитаи байнидавлатӣ оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО, дар шаҳри Парижи Фаронса, номинаи «Фалак» ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримодии инсоният ворид карда шуд, ки дар ин дастоварди беназири таърихӣ Пешвои миллат саҳми ниҳоят муҳим доранд. Ин рӯйдоди муҳим мояи ифтихору сарфарозии халқи тоҷик, бахусус, сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб мебошад, ки ворисони ин санъати машҳур ба ҳисоб мераванд»,-гуфт Бахтиёр Назарзода.
Дар идомаи намоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ изҳор дошт, ки маҳз тавассути ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз жанри мусиқии классикии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст.
Фарҳангшиноси маъруф Ҷонибек Асрориён доир ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, китоби тозаэҷоди хешро таҳти унвони “Фалак- сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ” ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Бахшида ба ҷаҳонӣ шудани фалак як зумра кормандону фаъолони соҳаи фарҳанг бо сипосномаҳои раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд.
Дар идомаи ин маросими бошукӯҳ барномаи омоданамудаи фалаксароён таҳти унвони “Рози фалак” пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.
АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб













Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард






