«РОЗИ ФАЛАК». Дар Кӯлоб бахшида ба ҷаҳонишавии ин мероси фарҳангӣ барномаи тантанавӣ доир шуд

Декабрь 25, 2021 10:01

КӮЛОБ, 25.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. 24 декабр дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба эътироф шудани санъати фалак ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ аз ҷониби ЮНЕСКО барномаи бошукӯҳ баргузор гардид, хабар доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба АМИТ «Ховар».

Нахуст меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакан, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ дидан намуда, дар рӯнамои китоби “Фалак- сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ”, ки бахшида ба ҷаҳонишавии фалак рӯи чоп омадааст, иштирок варзиданд.

Барномаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баргузор гардида, дар ин рӯз иштирокчиён аз тамошои лавҳаҳо ва наворҳои видеоӣ аз ҷараёни қабулшавии жанри фалак дар Юнеско ва филмҳои омоданамудаи фарҳангшиносон баҳра бардоштанд.

Дар маросими расмӣ бахшида ба эътироф шудани фалак ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода изҳор дошт, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату Ҳукумати кишвар, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон диққати хосса медиҳанд.

“Маҳз ба туфайли заҳмату талошҳои Сарвари давлат соли 2021  9 мавзеи мероси таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд. Аз ҷумла, 15 декабри соли 2021 дар сессияи 16-уми Кумитаи байнидавлатӣ оид ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО, дар шаҳри Парижи Фаронса, номинаи «Фалак» ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримодии инсоният ворид карда шуд, ки дар ин дастоварди беназири таърихӣ Пешвои миллат саҳми ниҳоят муҳим доранд. Ин рӯйдоди муҳим мояи ифтихору сарфарозии халқи тоҷик, бахусус, сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб мебошад, ки ворисони ин санъати машҳур ба ҳисоб мераванд»,-гуфт Бахтиёр Назарзода.

Дар идомаи намоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ изҳор дошт, ки маҳз тавассути ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз жанри мусиқии классикии фалак ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст.

Фарҳангшиноси маъруф Ҷонибек Асрориён доир ба ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, китоби тозаэҷоди хешро таҳти унвони “Фалак- сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ” ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Бахшида ба ҷаҳонӣ шудани фалак як зумра кормандону фаъолони соҳаи фарҳанг бо сипосномаҳои раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд.

Дар идомаи ин маросими бошукӯҳ барномаи омоданамудаи фалаксароён таҳти унвони “Рози фалак” пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.

АКСҲО: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Декабрь 25, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

21 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии хизмати давлатӣ, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
ХУТТАЛИ ҚАДИМ. Пазируфта шудани он ба рӯйхати Мероси ҷаҳонӣ далели нақши муҳими ин маконҳо дар таърихи минтақа аст
Ҳамкорӣ байни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистон ва Ҷопон густариш меёбад
ШОҲНОМАПАЖӮҲӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳадафи ниҳоии Фирдавсӣ аз иншои асараш инсонсозӣ бо ҳувияти миллӣ будааст
Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид