«Шукуфаҳои пойтахт» 350 нафар кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдодро дар пойтахти фарҳангии ИДМ сарҷамъ намуд

Декабрь 7, 2021 14:08

ДУШАНБЕ, 7.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар «Кохи Суруш»-и пойтахт маросими ифтитоҳи расмии Фестивали байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил —«Шукуфаҳои пойтахт» баргузор гардид. Дар он 350 нафар кӯдакону наврасони эҷодкору соҳибистеъдоди кишвар иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи маросим муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони фестивал ироа намуд.

 

Зикр шуд, ки Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ- «Шукуфаҳои пойтахт» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона миёни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омӯзиш ва эҳтиром ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат, арҷгузорӣ ба тамаддуни ҳамдигарӣ, дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас ва муаррифии имконоти шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 гузаронида мешавад.

Дар Фестивали мазкур ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намояндагӣ аз халқу миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон, аз ҷумла арманҳову русҳо, туркманҳою узбекҳо ва қирғизҳо ширкат намуда, бо ҳамсолони эҷодкори худ аз марказҳои эҷодиву таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагонаи шаҳри Душанбе дар саҳнаҳои бузурги муассисаҳои фарҳангии пойтахт дар бахшҳои рақсу овозхонӣ, навозандагӣ ва хониши бадеӣ ҳунарнамоӣ менамоянд.

Тибқи барномаи фестивал иштирокдорони он дар баробари ширкат дар бахшҳои интихобӣ, ки дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасон»-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор мегардад, инчунин аз боғҳои истироҳативу фароғатӣ, осорхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангиву таълимии пойтахт дидан менамоянд

Дар доираи фестивали мазкур 9 декабр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузории Форуми II байналмилаии «Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон» дар назар дошта шудааст.

Маросими ҷамъбасти Фестивал ва галаконсерти иштирокчиёни он шоми 9 декабр дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-«Шукуфаҳои пойтахт» ҳамоиши байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакону наврасон буда, бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 ноябри соли 2021 «Дар бораи ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-«Шукуфаҳои пойтахт» 6-10 декабри соли ҷорӣ гузаронида мешавад.

Дар идомаи маросими ифтитоҳи расмии “Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-«Шукуфаҳои пойтахт» кӯдакону наврасони кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла, Русия, Беларус, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра тариқи мазоҷӣ ба ҳамсолони худ паёми шодбошӣ ироа намуда, барои иштирокдорони фестивал барор таманно намуданд.

Дар идома барои ширкаткунандагони фестивал барномаи идонаи фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
Мақсудҷон МУҲИДДИНҶОН,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 7, 2021 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

БОРИ АВВАЛ ДАР ДУШАНБЕ. Ояндаи наздик 5 роҳи дусатҳа сохта мешавад, ки дар онҳо роҳи махсус барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагардон пешбинӣ шудааст
Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҷлили бошукуҳи Наврўзи ҷаҳонӣ идома дорад
«НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ-2023». Таҳти ин унвон дар пойтахт Фестивали байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занон ҷамъбаст гардид
Ғолибони Мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян гардиданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сарвари мақомоти иҷроияи шаҳри Боку Элдар Азизов мулоқот намуданд
Имрӯз Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«JAC-МОТОРС». Дар шаҳри Душанбе намояндагии ин ширкати истеҳсоли автомобил ифтитоҳ ёфт
Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар Душанбе даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардид
ТАВАҶҶУҲ! Аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад
«ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА МЕРОСДОРИ АНЪАНАҲОИ НАВРӮЗӢ». Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе оғоз ёфт