«ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ». Дар Душанбе маросими пӯшидашавӣ ва галаконсерти иштирокчиёни ин Фестивали байналмилалӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Шоми 9 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи пӯшидашавӣ ва галаконсерти иштирокчиёни Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор гардид. Галаконсерти иштирокчиёни Фестивал суруду тарона ва рақсҳои ҷолибу диданиро дар иҷрои кӯдакону наврасони соҳибистеъдоду эҷодкор дар бар гирифта, бори дигар аз майдони фарохи муаррифии шоистаи ҳунару истеъдод ва фарҳанги воло доштани имконоти шаҳри Душанбе ба сифати пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил гувоҳӣ дод, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар маросими пӯшидашавӣ ва Галаконсерти фестивали мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, сохторҳои шаҳрӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмону ташкилоти ҷамъиятиву байналмилалӣ ва кӯдакону наврасон ширкат намуданд.
Зимни ифтитоҳи фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ироа намуда, иброз дошт, ки Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Шукуфаҳои пойтахт» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона миёни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омӯзиш ва эҳтиром ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат, арҷгузорӣ ба тамаддуни ҳамдигарӣ, дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас ва муаррифии имконоти шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 бо дастгирӣ ва сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор карда шуд.
Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Шукуфаҳои пойтахт» тӯли чанд рӯз тавонист, ки ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасонро аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намояндагӣ аз халқу миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон, аз ҷумла арманҳову русҳо, туркманҳою узбекҳо ва қирғизҳо бо шумули наврасони эҷодкор аз марказҳои эҷодиву таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагонаи шаҳри Душанбе, ки дар маҷмуъ зиёда аз 350 нафарро ташкил медоданд, сарҷамъ намуда, ба ҷашнвораи ҳақиқии ҳунару истеъдоди насли фардосози кишвар мубаддал гардад. Дар ин муддат иштирокчиёни фестивал дар саҳнаҳои гуногуни муассисаҳои фарҳангии пойтахт дар бахшҳои рақсу овозхонӣ, навозандагӣ ва хониши бадеӣ ҳунарнамоӣ намуда, инчунин дар ҷараёни кори Форуми II байналмилалии «Душанбе- шаҳри имконоти рушди кӯдакон» ширкат намуданд.
Дар идома иштирокчиёни он бо Ҷоми лауреати Фестивал ва дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки қарори Раиси шаҳри Душанбе доир ба баргузории Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-«Шукуфаҳои пойтахт» 24 ноябри соли 2021 ба тасвиб расида буд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: МИҲД Душанбе













Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохтмони якчанд иншооти нави мақомоти корҳои дохилӣ санги асос гузоштанд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 30 электробуси нави ширкати «Акиа Авесто автоматив индастри» иштирок намуданд






