«ТОЛИБОН»* ЗЕРИ ТАҲРИМИ СММ. Шӯрои Амният кумакҳои башариро аз низоми таҳримҳо озод кард

Декабрь 23, 2021 13:00

ДУШАНБЕ, 23.12.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 22 декабр, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи «истиснои башарӣ»-ро аз низоми таҳримот алайҳи «Толибон»* қабул кард. Аз ҷумла, аъзои Шӯрои амният тасмим гирифтанд, ки банд кардани маблағ барои ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон нақзи талаби бастани тамоми дороиҳои толибон нест, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ин созмони ҷаҳонӣ.  

«Шӯрои Амният қарор мекунад, ки кумакҳои башардӯстона ва дигар фаъолияте, ки барои қонеъ кардани ниёзҳои асосии аҳолии Афғонистон нигаронида шудаанд,  зидди  банди 1(а)-и қатъномаи 2255 (2015) …. нестанд»,- гуфта мешавад дар қатъномаи қабулшуда.

Муаллифони он ба коркард ва азхудкунии маблағҳо, инчунин озод кардани дороиҳо ё захираҳои иқтисодӣ, ки барои таъмини саривақтии расонидани кумакҳои башарӣ дар Афғонистон ё дастгирии чунин фаъолиятҳо заруранд, иҷозат доданд. Муовини дабири кулли СММ дар умури башарӣ, ҳамоҳангсози кумакҳои изтирорӣ Мартин Гриффитс аз қатъномаи Шӯрои Амният дар бораи озод кардани кумакҳои башардӯстона аз режими таҳримҳои СММ алайҳи Афғонистон истиқбол кард.

«Ин тасмими муҳим имкон медиҳад, ки амалиёти фаврии башарӣ барои наҷоти одамон ва воситаҳои зиндагӣ дар Афғонистон анҷом дода шавад. Ин шаҳодати он аст, ки кишварҳои узв то кадом андоза ҷиддӣ сатҳи тааҷҷубовари ниёзмандӣ ва ранҷу азобро дар кишвар қабул мекунанд»-гуфт Мартин Гриффитс.

 Ҳоло дар Афғонистон қариб 160 ташкилоти миллӣ,  байналмилалии  башарӣ кор мекунанд, ки ба аҳолӣ озуқаворию  кумаки  муҳими тиббӣ мерасонанд, ба тараққиёти кишоварзӣ ёрӣ, инчунин   дар барпо намудани маориф, об ва беҳдошт кумак мерасонанд.

 «Мо бояд ин корро зуд вусъат диҳем. Соли 2022 амалиёти башарӣ дар Афғонистон бузургтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Дар чаҳорчӯби он тақрибан ба 22 миллион нафар кумак расонида мешавад», — таъкид кард муовини котиби генералӣ.

 «Афғонистонро роҳи душвор дар пеш аст. Самараи кумакҳои мо, аз ҷумла, аз ҳамкории мақомоти кишвар ва чандирии нақшаи маблағгузорӣ вобаста аст», -гуфт намояндаи СММ. Вай даъват кард, ки барои наҷоти ҷони афғонҳо ва таъмини ояндаи шоистаи тамоми сокинони ин кишвар тамоми имконот истифода шаванд.

_______________

* «Толибон» — созмоне, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст

                                      АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 23, 2021 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд