ВИЖАГИҲОИ НИЗОМИ СИЁСӢ ДАР АФҒОНИСТОНИ МУОСИР. Имрӯз дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Афғонистон ба ҳайси кишвари мустақил бинобар ба қудрат расидани тоифаи зертобеъ аз қудратҳои ҷаҳонӣ мавсум ба толибон айни замон дар ҳоли ғайримушаххас ва номуайяни сиёсӣ қарор дорад. Коршиносони вижа тамоили маҳрум будани толибонро аз қобилияти идора кардани давлат мутазаккир шуда, муътақиданд, ки онҳо рӯзе қудратро канор хоҳанд гузошт. Ин нукта имрӯз зимни ҳамоиш ҷиҳати баррасии авзоъ дар Афғонистон ва рӯнамои китоби доктори илмҳои таърих, профессор Қосимшо Искандаров таҳти унвони «Афғонистон дар давраи ҳукумати ваҳдати миллӣ. Равандҳои сиёсӣ ва масоили амниятӣ» («Афганистан в период правительства национального единства. Политические процессы и проблемы безопасности»), ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуд, зикр гардид.
Дар ҳамоиш Қосимшо Искандаров, ки аз зумраи коршиносони ватанист, ки бо авзои сиёсии Афғонистон хуб ошноӣ дорад, гуфт, ки то он даме толибон сари қудратанд, ояндаи дурахшони ҳамсоякишвари мо — Афғонистонро намебинад.
Ёдовар мешавем, чанде қабл дар суҳбат бо Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ профессор Қосимшо Искандаров тазаккур дода буд, ки ба сари қудрат омадани толибон дар Афғонистон хатари терроризми глобалиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баргардонд.
Мавсуф зикр намуда буд, ки тамоми асосҳо вуҷуд доранд ба он бовар кунем, ки ин кишвар ҳамчун яке аз гармтарин нуқтаҳои сайёра ба бетартибиҳои боз ҳам бештар дучор хоҳад шуд ва он метавонад дубора ба маркази таълими террористон, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ табдил ёбад.
Дар ҳамоиши мазкур дар атрофи пажӯҳиши густурдаи Қосимшо Искандаров иштирокдорон изҳори назар карданд.








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






