ВИЖАГИҲОИ НИЗОМИ СИЁСӢ ДАР АФҒОНИСТОНИ МУОСИР. Имрӯз дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд

Декабрь 15, 2021 17:00

ДУШАНБЕ, 15.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Афғонистон ба ҳайси кишвари мустақил бинобар ба қудрат расидани тоифаи зертобеъ аз қудратҳои ҷаҳонӣ мавсум ба толибон айни замон дар ҳоли ғайримушаххас ва номуайяни сиёсӣ қарор дорад. Коршиносони вижа тамоили маҳрум будани толибонро аз қобилияти идора кардани давлат мутазаккир шуда, муътақиданд, ки онҳо рӯзе қудратро канор хоҳанд гузошт. Ин нукта имрӯз зимни ҳамоиш  ҷиҳати баррасии авзоъ дар Афғонистон ва рӯнамои китоби доктори илмҳои таърих, профессор  Қосимшо Искандаров таҳти унвони «Афғонистон дар давраи ҳукумати ваҳдати миллӣ. Равандҳои сиёсӣ ва масоили амниятӣ» («Афганистан в  период правительства национального единства. Политические процессы и проблемы безопасности»), ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доир шуд, зикр гардид. 

Дар ҳамоиш Қосимшо Искандаров, ки аз зумраи коршиносони ватанист, ки бо авзои сиёсии Афғонистон  хуб ошноӣ дорад, гуфт, ки то он даме  толибон сари  қудратанд, ояндаи дурахшони  ҳамсоякишвари мо — Афғонистонро намебинад.

Ёдовар мешавем, чанде қабл дар суҳбат бо Директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ профессор  Қосимшо Искандаров тазаккур дода буд, ки ба сари қудрат омадани   толибон дар Афғонистон хатари терроризми глобалиро ба рӯзномаи ҷаҳонӣ баргардонд.

Мавсуф зикр намуда буд, ки тамоми асосҳо вуҷуд доранд ба он бовар кунем, ки ин кишвар ҳамчун яке аз гармтарин нуқтаҳои сайёра ба бетартибиҳои боз ҳам бештар дучор хоҳад шуд ва он метавонад дубора ба маркази таълими террористон, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ табдил ёбад.

Дар ҳамоиши мазкур дар атрофи пажӯҳиши густурдаи Қосимшо Искандаров иштирокдорон изҳори назар карданд.

Декабрь 15, 2021 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи умумии фавқулодаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ иштирок намуд
Ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ дар конфронси байналмилалӣ баррасӣ мегардад
Дар Қазоқистон ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Гулистон Слёти III байнидавлатии нозирони навраси ҳаракати давлатҳои аъзои ИДМ доир мешавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд