«Амонатбонк»: Дар 75 филиал оид ба тафсири нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат суҳбатҳо доир шуданд

Январь 24, 2022 16:30

ДУШАНБЕ, 24.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони масъул ва мутахассисони Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ки сарпарастии филиалҳои бонкро  дар шаҳру навоҳии кишвар ба зимма доранд, тӯли як ҳафта- аз 17 то 22 январ бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар ва ҳамзамон тарғиби фаъолияти соҳаи бонкдорӣ дар 75 филиали «Амонатбонк» бо фаъолон, раисони маҳаллаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон, зиёиён ва дигар табақаҳои аҳолӣ вохӯриҳо анҷом доданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк».

Зимни вохӯриҳо  кормандони масъули «Амонатбонк» ба намояндагони гуногуни ҷомеа самтҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба  Парлумони мамлакат тавзеҳ доданд.

Зикр шуд, ки тавре Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, «сармояи низоми бонкии кишвар нисбат ба соли 2000 130 баробар афзоиш ёфт. Ҳаҷми пасандозҳо қариб 100 баробар зиёд шуда, ҳоло бақияи онҳо 10 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда давоми солҳои соҳибистиқлолӣ 117 миллиард сомониро ташкил карда, аз ҷумла соли 2021  13 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки 37 фоизи он ба соҳибкории истеҳсолӣ равона гардидааст». Аз ҷумла, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили низоми бонкии кишвар иброз доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи ташкилоти қарзӣ дар кишвар ба 63 ва воҳидҳои сохтории онҳо ба 1850 расонида шуд.

Ҳамзамон  дар вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба хизматрасониҳои бонкӣ, алалхусус пешниҳоди қарзҳо барои рушди соҳибкорию кишоварзӣ ва дар ин замина таъсиси ҷойҳои нави кории доимию мавсимӣ, ки ба зиёдшавии андозҳои маҳаллӣ мусоидат мекунанд, инчунин истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои фосилавӣ баҳри пешгирии танбашавии аҳолӣ дар назди филиал, марказҳои хизматрасонӣ ва банкоматҳои «Амонатбонк» ва дар маҷмӯъ саҳмгузорӣ дар баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ баррасӣ гардиданд.

      АКСҲО: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»

Январь 24, 2022 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад