Ба ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ Алиҷон Усмонов 12 000 сомонӣ мукофотпулии Вазири маориф ва илм супорида шуд

Январь 27, 2022 14:19

ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар озмоишгоҳи иноватсионии МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ баргузор гардид, ки дар он барои ғолибият дар 4 озмуни сатҳи ҷаҳонӣ ва гузоштани рекорди олимпиадаи «Дониш»-и шаҳри Анталияи кишвари Туркия (аз 100 холи имконпазир ба даст овардани 100 хол) ба хонандаи синфи 10 -и Литсейи мазкур Алиҷон Усмонов диплом, Ҷом ва туҳфаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар ҳаҷми 12 ҳазор сомонӣ ҳадя карда шуд, хабар  дод корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба  АМИТ «Ховар».

Инчунин барои иштирок ва ғолибият дар 3 озмуни сатҳи ҷаҳонӣ, гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонандаи синфи 10 Фирӯза Абдуллоева бо 9000 сомонӣ, ғолиби озмуни байналмилалӣ дар Амрико ва Фаронса хонандаи синфи 9 — и Литсей Амир Абдуллозода бо 6000 сомонӣ, хонандаи синфи 11, ғолиби олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика ва астрономия дар кишвари Амрико Меҳрангез Абдуллоева бо 5500 сомонӣ, ғолиби олимпиада аз фанни математика дар кишвари Таиланд Ясмина Аҳророва, хонандаи синфи 9 бо 5500 сомонӣ, ғолиби олимпиада аз фанни математика ва забони англисӣ дар кишвари Таиланд, хонандаи синфи 9 Фарина Маъсумова бо 5000 сомонӣ қадршиносӣ гардиданд.

Ҳамчунин дар идомаи маросим аз ҷониби маъмурияти Литсей ба ғолибони олимпиадаҳои байналмиллалии фаннӣ, аз ҷумла хонандаи синфи 9 Сафархон Ҳасанов, хонандаи синфи 10 Аҳмад Маъруфов, хонандаи синфи 9 Имдод Каҳҳоров, хонандаи синфи 9 Амир Султонов, хонандаи синфи 10 Абубакр Комилов, хонандаи синфи 7 Шукрулло Нарзуллоев ва хонандаи синфи 10 Аслан Насратшоев Ифтихорнома, медал ва ҷоиза дар ҳаҷми аз 900 то 500 сомонӣ супорида шуд.

Директори муассиса Сурайё Негматова аз дастовардҳои хонандагони Литсей дар 5 моҳи соли хониши 2021-2022 ёдовар шуда, зикр намуд, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои  миллат ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони Литсей тавонистанд дар муддати кӯтоҳ дар 8 озмуни сатҳи ҷаҳонӣ дар кишварҳои Амрико, Туркия, Таиланд, Чин, Федератсияи Русия, Бразилия, Англия ва Фаронса иштирок намуда, 173 медал ба даст оваранд.

Ба даст овардани гранти омӯзишӣ дар ҳаҷми 220 ҳазор доллари амрикоӣ ҷиҳати таҳсил дар донишгоҳи бонуфузи Донишгоҳи Амрикои Шимолӣ дар Штатҳои Муттаҳидаи Амрико аз ҷониби хонандагони Литсей, ғолибият ва ба даст овардани Ҷом аз фанни физика дар олимпиадаи 2-юми фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ таҳти унвони Коперникус дар шаҳри Техаси кишвари Амрико, ба даст овардани 2 Ҷом аз фанни забони англисӣ ва география дар олимпиадаи «Дониш»- шаҳри Анталияи кишвари Туркия, ки ин озмунҳо тариқи иштироки бевоситаи хонандагони Литсей сурат гирифт, аз дастовардҳои назаррас мебошанд.

Ҳамчунин  зикр карда шуд, ки дар доираи  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020 -2040 бунёди синфхонаи инноватсионӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ, аз ҷумла харидории комютер ва васли интернети босуръат ба онҳо ҷиҳати иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фосилавӣ барои пешрафти кор мусоидат намуд.

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Пешвои миллат бобати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ таъкид намуда, дастурҳои зарурӣ  доданд ва маъмурияти Литсей низ баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар муассиса маҳфилҳои доимоамалкунандаи омӯзиши забони англисӣ, чинӣ, русӣ, олмонӣ ва фаронсавиро тариқи ройгон ба роҳ мондааст, ки ҳамарӯза хонандагон баъди дарси асосӣ ба омӯхтани ин забонҳо машғуланд.

Дар хатми ҷаласа аз ҷониби роҳбарият ба гурӯҳи олимпичиёни Литсей ҷиҳати омодагии ҷиддӣ ба 7 олимпиадаи дигар, ки рӯзҳои наздик дар кишварҳои Англия, Фаронса, Олмон, Мексика, Италия, Русия ва Ҳиндустон баргузор мегарданд, машваратҳо дода шуданд.

 АКСҲО: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Январь 27, 2022 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд
Дар Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Донишкадаи энергетикии Москва» дар шаҳри Душанбе озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд