Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.
Ҳадаф аз баргузории конференсия омӯзишу баррасии ҳамаҷонибаи нақши Сотим Улуғзода дар муаррифӣ ва шинохти шахсият, рӯзгор ва мероси илмии Абуалӣ ибни Сино, таҳқиқи арзиши илмӣ-бадеии рисолаи «Пири ҳакимони Машриқзамин», муайян намудани саҳми нависанда дар бозтоби таърихи илму фарҳанги тоҷикон ва арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои ниёгон мебошад.
Конференсия инчунин ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, муаррифии саҳми фарзандони барӯманди миллати тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба омӯзиши осори адабиёти таърихӣ ва густариши таҳқиқоти илмӣ дар ин самт равона гардид.
Дар конференсия доир ба мақоми осори таърихии нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода ва нақши ӯ дар муаррифии шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанги гузашта ибрози андеша карда шуд.
Иброз гардид, ки Сотим Улуғзода давоми солҳои сиюм ва чилуми асри XX ба омӯзишу таҳқиқи рӯзгор ва осори намояндагони адабиёти классикӣ машғул гардида, якчанд мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ба табъ расонид, ки дар шинохти мероси адабию фарҳангии ниёгон аҳаммияти муҳим доранд.
Ҳадафи асосии рӯ овардани Сотим Улуғзода ба таҳқиқи бадеии мавзуъҳои таърихӣ ва рӯзгору осори шахсиятҳои маъруфи гузашта шиносонидани таърихи аҷдодони бузургамон, донистани хизмати онҳо дар устувор гардонидани миллияти халқи тоҷик ва ривоҷ додани тамаддуни тоҷикон ба хонандагон мебошад.
Гуфта шуд, ки ба таълифи осори таърихӣ рӯ овардани Сотим Улуғзода, аз як тараф, ба завқу рағбати шахсии адиб вобаста бошад, аз ҷониби дигар, натиҷаи таъкиду роҳнамоии устод Садриддин Айнӣ буд.
Яке аз осори мондагори нависанда дар ин замина рисолаи илмӣ-бадеии ӯ бо номи «Пири ҳакимони Машриқзамин» мебошад, ки соли 1980 дар нашриёти «Маориф»-и шаҳри Душанбе ба нашр расидааст. Ин асар то имрӯз дар адабиётшиносии тоҷик аз ҷумлаи рисолаҳои арзишманди илмӣ-бадеӣ ба шумор рафта, дар муаррифии шахсият ва мероси илмии Абуалӣ ибни Сино ҷойгоҳи хос дорад.
Сотим Улуғзода дар рисола бо истифода аз имконоти тасвири бадеӣ ва таҳлили илмӣ симои Абуалӣ ибни Синоро ҳамчун ҳаким, донишманд ва намояндаи барҷастаи тамаддуни тоҷикон бозтоб намуда, хонандаро бо паҳлуҳои гуногуни рӯзгор ва фаъолияти илмии ин донишманд шинос месозад.
Ба ин маънӣ, рисолаи «Пири ҳакимони Машриқзамин» на танҳо барои шинохти осори Ибни Сино, балки барои тақвияти худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон ва дарки саҳми фарзандони баруманди миллат дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ аҳаммияти махсус дорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Парчами миллӣ таҷассумгари таърихи миллат, хотираи ҷамъиятӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва ормонҳои давлатдорӣ аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Оид ба нақши рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«АЗ ТОҶИКИСТОН ТО ҶАҲОН». Андешаҳо дар ҳошияи асари тозанашри Абдураҳмон Аламшозода
Дар Донишгоҳи миллӣ таҳти унвони «Парчами давлатии Тоҷикистон – таҷассумгари ҳувияти миллӣ» ҳамоиш доир гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад






