БМТ ба «КРОУ ХОРВАТ – ЭЙСИҶИ» барои фаъолияти аудиторӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 27.01.2022/АМИТ «Ховар»/.Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРОУ ХОРВАТ – ЭЙСИҶИ» барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилоти қарзӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттиллоъ доданд, ин тасмим дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» гирифта шудааст.
Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор гардид, ки ба Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ сабти дахлдор ворид намояд.
АКС аз манбаъҳои боз








ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст






