Далер Ҷумъа ва Питер Райлӣ масъалаҳои ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергияро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушди татбиқи ислоҳоти соҳаи энергетика ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муқарраршудаи миллӣ дар соҳаи энергияи тоза ва ҳамгироии манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Директори Агентии рушди байналмилалии Амрико / USAID/ Питер Райлӣ баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Дар мулоқот ҳамзамон Вилям Ҳолл, мудири кулли Дафтари рушди USAID дар Тоҷикистон ширкат дошт. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуданд.
Дар хотима мусоҳибон омодагии худро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об изҳор намуданд.
АКС аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






