Дар Бохтар масъалаҳои баробарии гендерӣ баррасӣ шуданд

Январь 20, 2022 14:32

ДУШАНБЕ, 20.01.2022 /АМИТ «Ховар»/.  18-19 январ дар шаҳри Бохтар таҳти унвони «Инъикоси иқтидори гендерӣ дар ВАО-и тоҷик» барои рӯзноманигорон ҳамоиш баргузор шуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» Зулайхо Ғоибова хабар медиҳад.

Ташкилкунандагони ҳамоиш Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Созмони ҷамъиятии «Зан ва ҷомеа» ва ширкати телевизион ва радиои СМ-1 мебошанд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш рушди баробарии гендерӣ дар Тоҷикистон ва ҳифзи ҳуқуқи занон дар кишвар мебошад.

Тавре иштирокдорон зикр намуданд, дар мамлакати мо барои коҳиш додани мушкилоти гендерӣ бо аҳолӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Дар ин самт воситаҳои ахбори омма нақши калон мебозанд, зеро онҳо мавзӯъро инъикос намуда, дар ҳалли ин масоил саҳм мегузоранд.

Нобаробарии гендерӣ маҳз дар оилаҳо зуд-зуд ва ба таври дардовар зуҳур мекунад ва  бартараф кардани он кори хеле мушкил аст.

Дар робита ба ин мавзӯъ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос оварда шуд: «Нақши занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург аст. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки зан-модар офаридаи муқаддас аст, зеро тамоми бузургони ҷаҳон, хоҳ ходими давлатӣ, сиёсатмадор ва ё олим, аз ҷумла Паёмбари ислом аз модар ба дунё омада, бо шири модар ба воя расидаанд».

 АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 20, 2022 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад