Дар Донишгоҳи Хоруғ курси даҳрӯзаи омӯзишӣ барои кормандону омӯзгорон оғоз ёфт

Январь 18, 2022 15:02

ДУШАНБЕ, 18.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Вобаста ба амалӣ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва баҳри баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисону омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев курси даҳрӯзаи омӯзиши технологияи иттилоотӣ оғоз гардид,  иттилоъ доданд аз ДДХ ба АМИТ «Ховар».

Курси мазкур дар доираи Барномаи курси даҳрӯзаи омӯзиши технологияи иттилоотӣ, ки соли равон аз тарафи Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” тасдиқ шудааст, сурат гирифт.

Мақсади асосии барнома-ин баланд бардоштани маҳорати касбӣ, рушди фарҳанги техникӣ, такмил додани донишу истифода аз технологияи муосири таълим, усулҳои нави инноватсионии таълим, масъалаҳои муҳими афкори нави техникӣ ва ғояҳои асосии омӯзиши фарҳангӣ – техникӣ мебошад.

Ректори донишгоҳ, профессор Гулзорхон Юсуфзода иброз намуд, ки ҷиҳати омӯзиши амиқ, истифодаи самараноки технологияи муосир, аз қабили тахтаҳои нави электронӣ, видеопроектор ва дигар таҷҳизоти техникию озмоишгоҳӣ омӯзгорону кормандонро зарур аст, ки ҳамаи нозукиҳои технологияи навро аз худ кунанд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ махсус таъкид намуданд, ки “бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”. Аз ин рӯ, роҳандозии чунин курсҳои омӯзишӣ саривақтӣ ва мувофиқи мақсад мебошад”, — иброз намуд профессор Г. Юсуфзода.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло зиёда аз 40 нафар кормандону омӯзгорони донишгоҳ ба курси даҳрӯза ҷалб шудаанд ва он то 27  январ идома меёбад.

 АКС аз ДДХ

Январь 18, 2022 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад