Дар Душанбе ду маркази савдои «bi1» ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ Ховар»/. 27 январ дар Душанбе маросими тантанавии ифтитоҳи супермаркетҳои нави «bi1» дар ноҳияи Сино, кӯчаи М.Шерализода, 17 ва ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад, 108/2 маркази Мардон баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар маросими ифтитоҳи бинои нави марказ ва мағоза намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Сино ва Фирдавсӣ, инчунин меҳмонону сокинон иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки мағозаи аввалини бренди “bi1” дар маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе, дуюмаш дар шаҳри Ҳисор, баъдан дар дигар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе низ ин мағозаҳо кушода шуданд.
Ногуфта намонад, ки бо даъвати соҳибкорони ватанӣ роҳбарияти ширкати фаронсавии “Шивер Интернейшнл” Гипермаркети нахустини “Ашан”-ро дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд, ки алҳол фаъолият дорад. Мағозаи “bi1” яке аз шохаҳои ин гипермаркет мебошад.
Директори генералии ҶСП “Шивер Тоҷикистон” Филипп Марсийон зикр кард, ки ҳадаф он аст, ки марказҳо тибқи стандартҳои аврупоӣ ташкил шуда, дар он ҷамъовариву нигаҳдории молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум ба роҳ монда шавад. Бо назардошти он ки Тоҷикистон давлати аграрист, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, сабзавот, меваву маҳсулоти ширӣ, меваи хушк, маҳсулоти консервашуда, обҳои менералиро метавон тавассути силсиламағозаҳои “Ашан” ба дигар кишварҳои хориҷӣ афзоиш дода, ба ин восита иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд дод.
Дар ҶСП “Шивер Тоҷикистон” аз оғози ифтитоҳ 331 корманд фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 115 нафар занон ва духтарон мебошанд. Инчунин 3 нафарашон мутахассисони хориҷиянд, ки бо мақсади омӯзонидани кормандони маҳаллӣ омадаанд.
Дар ширкати мазкур Академияи Шивер ташкил шудааст, ки кормандон дар он малакаи баланди касбӣ, муомилаву муошират бо мизоҷон, услуби корбарӣ меомӯзанд ва дар охир соҳиби сертификат мегарданд.
Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Шивер Тоҷикистон» моҳи июни соли 2014 аз ҷониби Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Евразия”, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ширкати оилавии фаронсавии “Шивер Интернейшнл” таъсис ёфтааст. Ин ширкат нуфузи ҷаҳонӣ дошта, дар кишварҳои гуногун зиёда аз 3000 маркази савдо — гипермаркет дорад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: АМИТ «Ховар»













Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
Рустами Эмомалӣ даъват намуданд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои мошингард риоя карда шаванд
Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид
ТАНЗИМ-БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ. Дар ноҳияи Синои пойтахт 34 ҳолати вайронкунии қонун ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нуҳ соли охир дар Душанбе беш аз 1287 иншоот сохта, ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид






