Дар Душанбе ду маркази савдои «bi1» ифтитоҳ гардиданд

Январь 28, 2022 11:28

ДУШАНБЕ, 28.01.2022 /АМИТ Ховар»/. 27 январ дар Душанбе маросими тантанавии ифтитоҳи супермаркетҳои нави «bi1» дар ноҳияи Сино, кӯчаи М.Шерализода, 17 ва  ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Борбад, 108/2 маркази Мардон баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи бинои нави марказ ва мағоза намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои  Сино ва Фирдавсӣ, инчунин  меҳмонону сокинон иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки мағозаи аввалини бренди “bi1” дар маҳаллаи Испечаки шаҳри Душанбе, дуюмаш дар шаҳри Ҳисор, баъдан дар  дигар маҳаллаҳои шаҳри Душанбе низ ин мағозаҳо кушода шуданд.

Ногуфта намонад, ки бо даъвати соҳибкорони ватанӣ роҳбарияти ширкати фаронсавии “Шивер Интернейшнл” Гипермаркети нахустини “Ашан”-ро дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ намуд, ки алҳол фаъолият дорад. Мағозаи “bi1” яке аз шохаҳои ин гипермаркет мебошад.

Директори генералии ҶСП “Шивер Тоҷикистон” Филипп Марсийон зикр кард, ки ҳадаф он аст, ки марказҳо тибқи стандартҳои аврупоӣ ташкил шуда, дар он ҷамъовариву нигаҳдории молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум ба роҳ монда шавад. Бо назардошти он ки Тоҷикистон давлати аграрист, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, сабзавот,  меваву маҳсулоти ширӣ,  меваи хушк, маҳсулоти консервашуда, обҳои менералиро метавон тавассути силсиламағозаҳои  “Ашан” ба дигар кишварҳои хориҷӣ афзоиш дода, ба ин восита иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд дод.

Дар ҶСП “Шивер Тоҷикистон”  аз оғози ифтитоҳ 331 корманд фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 115 нафар занон ва духтарон мебошанд. Инчунин 3 нафарашон мутахассисони хориҷиянд, ки бо мақсади омӯзонидани кормандони маҳаллӣ омадаанд.

Дар ширкати мазкур Академияи Шивер ташкил шудааст, ки кормандон  дар он малакаи баланди касбӣ, муомилаву муошират бо мизоҷон, услуби корбарӣ меомӯзанд ва дар охир соҳиби сертификат мегарданд.

Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи «Шивер Тоҷикистон» моҳи июни соли 2014 аз ҷониби Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Евразия”, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Ширкати оилавии фаронсавии “Шивер Интернейшнл” таъсис ёфтааст. Ин ширкат нуфузи ҷаҳонӣ дошта, дар кишварҳои гуногун зиёда аз 3000 маркази савдо — гипермаркет дорад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Январь 28, 2022 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад