Дар Душанбе хатсайри нави автобусӣ ба фаъолият оғоз менамояд
ДУШАНБЕ, 17.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 24 январ дар пойтахт фаъолияти хатсайри микроавтобусии №55А (кӯчаи Фучик 60/1-Терминали дарвозаи ҷанубӣ) қатъ карда шуда, фаъолияти хатсайри автобусии №55 «Терминали дарвозаи ҷанубӣ—боғи Локомотив» бо кӯчаҳои Ҷанубӣ, Н. Қарабоев, А. Ҷомӣ, Соҳилӣ, С. Шерозӣ, С. Айнӣ, А. Дониш ва М. Мастонгулов ба роҳ монда мешавад, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Дар ин масир бо зиёд намудани шумораи автобусҳо таъмини мунтазами ҳаракат роҳандозӣ мегардад.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири ватании тамғаи «АКИА ОРИЁ-LE8» истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистон ва Туркия моҳи январи соли 2018 ба фаъолият оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи «Акиа» истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад.
Корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ бо номгузории тоҷикӣ — «Акиа Ориё» оғоз намуд.
Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи «Акиа Ориё» истеҳсоли корхонаи муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст. Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кӯтоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.
Автобусҳо мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии «Евро 5» истеҳсол шуда, дорои муҳаррики ширкати «Мерседес Бенс» ва ширкати олмонии «Zahnrad Fabrik» мебошанд. Инчунин тамоми қисмҳои эҳтиётии васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ ворид карда мешаванд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад






