Дар Истаравшан бахшида ба ҷашни Сада намоиши театрӣ доир гардид

Январь 26, 2022 09:07

ДУШАНБЕ, 26.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Сада дар Ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан, ки макони асосии тантанаҳои ҷашнӣ интихоб шуда буд, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шуд. Дар ҷашнгоҳ ярмарка-фурӯши ниҳол ва маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ташкил гардид, хабар дод корманди Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба АМИТ «Ховар».

Дар ҷашнгоҳ  ҳамчунин гулхани рамзӣ афрӯхта шуда, барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони шаҳр намоиши театриро пешниҳоди ҳозирин гардониданд. Зимни он саҳнаҳои ҷолибу диданӣ аз рӯзгори ниёгон бо мақсади таҷлили ҷашни нуру гармӣ манзур гардиданд, ки далели воқеии иди қадимӣ ва таърихӣ будани Сада барои тоҷикон  мебошад.

Намоиши таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, навъҳои тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ ва маҳсули меҳнати дастии донишҷӯён аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо, коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, литсейи касбии техникӣ ва ташкили  бозиҳои варзишии миллӣ аз ҷониби варзишгарони шаҳр шукӯҳи ҷашнро афзунтар гардонид.

Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода гуфт, ки иштироки васеи сокинон дар ҷашни Сада гувоҳи арҷгузории мардум  ба ин иди бостонӣ мебошад. Ин ид дар аҳди қадим, махсусан замони Сомониён бо шукӯҳу шаҳомати хос истиқбол гирифта мешуд ва имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ рукну оинҳои он аз нав эҳё гардидаву халқи тоҷик онро бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил менамоянд.

Мавсуф ҳамзамон  баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои  миллат ва Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд.

Зикр карда шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт ва оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш иброз доштанд, «мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон аст».

«Мояи ифтихори ҳар яки мост, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки Сада миёни ҷашнҳои мардуми мо мақому манзалати хосса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад»,-гуфт раиси шаҳр.

 АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Январь 26, 2022 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боғи «Ирам» намоишгоҳи ҷумҳуриявии хайриявии гулу растанӣ баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд