Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 январ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати кормандон оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, хабар доданд ба мухбири АМИТ “Ховар” аз хадамоти матбуоти ин ниҳод.
Зимни ҳамоиш Умед Бобозода оид ба аҳамияти бузурги Паём ва дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мусоидаткунанда ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар самти баланд бардоштани маърифати аҳолӣ ва қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон сухан гуфт.
Дар ҷараёни ҳамоиш паҳлуҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби масъулини мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таҳлил, баррасӣ ва тавзеҳ дода шуданд.
Зикр шуд, ки бо дарназардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолияташро тақвият бахшида, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандона ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми неру ва имкониятро сафарбар намояд.
Гуфта шуд, ки давлат муносибатҳои ҷамъиятиро маҳз тавассути қонунҳо ба танзим медарорад ва қонунҳо ҳамчун ҳуҷҷати дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ муносибати байниҳамдигарии одамонро ба танзим медароранд.
Барои он ки қонунҳои босифат қабул карда шаванд, зарур аст тамоми мушкилоти мавҷуда дар самти раванди ҳуқуқэҷодкунӣ ва фаъолияти назорати иҷрои қонунҳо мавриди таҳлил ва хулоса қарор дода шаванд.
Роҳбарияти мақомот Паёми Президенти мамлакатро дар вазъияти пуртазоди имрӯза муҳим арзёбӣ намуда, иброз намуданд, ки ҳар хизматчии давлатӣ дар иҷрои нуктаҳои асосии он бояд саҳм гузорад.
Дарвоқеъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамасола тамоми қишрҳои ҷомеа – намояндагони касбу кори гуногун бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паём сарчашмаи боэътимод, махзани иттилоот ва маълумоти омории амиқу дақиқ, таҳлилу хулосарониҳои мантиқиву бебаҳс, дастуру супоришҳои ҳидояткунанда ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти ВҲИ ҶТ








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






