Дар шаҳри Москва масъалаҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи обу энергетика, муҳити зист ва иқлим баррасӣ шуданд

Январь 6, 2022 10:41

ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия вохӯрии коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба баррасии лоиҳаи Стратегияи Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) бо мақсади роҳандозии ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи обу энергетика ва экология барои солҳои 2022-2025 баргузор гардид, ки дар он сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумитаи ҳифзи муҳити зист Исфандиёр Шукуров Тоҷикистонро намояндагӣ намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

Зимни вохӯрии мазкур лоиҳаи матни навшудаи UNRCCA таҳти унвони «Стратегияи UNRCCA оид ба дастгирии ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи обу энергетика, муҳити зист ва иқлим барои солҳои 2022-2025» такмил дода шуд.

Аз ҷониби намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти мавқеъ ва манфиатҳои миллӣ ба лоиҳаи мазкур таклифҳои асоснок пешниҳод ва ба назар гирифта шуданд.

Стратегияи мазкур метавонад ҳамчун платформаи муколама ба ҳалли масъалаҳо ва муносибатҳои минтақавӣ дар соҳаи захираҳои обу энергетика, муҳити зист ва иқлим, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли дарозмуддати ба ҳамдигар қобили қабул ва судманд барои давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат кунад.

Иштирокчиёни ҳамоиш ҳамчунин аз Институти умумирусиягии илмӣ-тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи ба номи А. Костяков боздид намуда, доир ба таҷрибаи пешқадам дар идоракунии захираҳои обҳои фаромарзӣ, ҳалли мушкилоти коҳиш додани тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, равишҳои инноватсионӣ ва технологии мубориза бо хушкӣ, таъмини об ва оби тоза мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зист

Январь 6, 2022 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид