ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Хуҷанд-Ашт 250 бех ниҳоли дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шоҳроҳи Хуҷанд — Ашт бо ибтикори кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 250 бех ниҳоли дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ.
Ин тадбир бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани корҳои ниҳолшинонӣ, сабзазоркунӣ ва солимгардонии муҳити зист дар асоси нақшаи кории мақомоти ҳифзи муҳити зисти маҳал ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузаронида шуд.
Дар маъракаи ниҳолшинонию сабзазоркунӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Д. Холматови ноҳияи мазкур аҳолӣ фаъолона иштирок намуданд.
АКС аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ








Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






