Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хуршед Зиёӣ бо Намояндаи махсуси Ҳукумати Чин Ли Хуэй мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бо Намояндаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба корҳои Авруосиё Ли Хуэй мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои мубраму муҳими минтақа, махсусан дурнамои вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба равандҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ ва арзёбӣ гардиданд, хабар доданд аз Маркази тадқиқоти стратегӣ ба АМИТ «Ховар».
Хуршед Зиёӣ ба Ли Хуэй доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мухтасар маълумот дода, ҳайати ҷониби Чинро бо 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик намуд.
Х. Зиёӣ иброз дошт, ки дар ин муддат ду кишвар тавонистанд ҳамкории байнидавлатиро аз сифр ба сатҳи шарикии стратегии фарогир бароранд.
Ли Хуэй дар навбати худ ба Хуршед Зиёӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, баргузории мулоқоти мазкурро дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии ду кишвар рӯйдоди муҳим ва рамзӣ арзёбӣ намуд.
Дар идома 30 соли шарикии судманд ва манфиатбори ду давлати ҳамсоя ва ба ҳам дӯстро мусбат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандони пешгирифтаи роҳбарияти ду кишвар таҳкими муносибатҳо ва амалигардонии лоиҳаҳои бузурги стратегӣ имконпазир гашт.
Ҳамчунин Ли Хуэй нуктаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чинро муаррифӣ намуда, самтгириҳои он дар шароити пасопандемия ва таҳаввулоти баамаломадаро шарҳу тавзеҳ дод.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар анҷом ёфт.
АКСҲО аз МТС








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






