Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хуршед Зиёӣ бо Намояндаи махсуси Ҳукумати Чин Ли Хуэй мулоқот намуд

Январь 6, 2022 10:23

ДУШАНБЕ, 06.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ бо Намояндаи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба корҳои Авруосиё Ли Хуэй мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои мубраму муҳими минтақа, махсусан дурнамои вазъи амниятӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таъсири он ба равандҳои минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ ва арзёбӣ гардиданд, хабар доданд аз Маркази тадқиқоти стратегӣ ба АМИТ «Ховар».

Хуршед Зиёӣ ба Ли Хуэй доир ба самтҳои асосии фаъолияти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таври мухтасар маълумот дода, ҳайати ҷониби Чинро бо 30-юмин солгарди барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин табрик намуд.

Х. Зиёӣ иброз дошт, ки дар ин муддат ду кишвар тавонистанд ҳамкории байнидавлатиро аз сифр ба сатҳи шарикии стратегии фарогир бароранд.

Ли Хуэй дар навбати худ ба Хуршед Зиёӣ барои пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, баргузории мулоқоти мазкурро дар арафаи таҷлили 30-юмин солгарди барқарории  муносибатҳои дипломатии ду кишвар рӯйдоди муҳим ва рамзӣ арзёбӣ намуд.

Дар идома 30 соли шарикии судманд ва манфиатбори ду давлати ҳамсоя ва ба ҳам дӯстро мусбат арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандони пешгирифтаи роҳбарияти ду кишвар таҳкими муносибатҳо ва амалигардонии лоиҳаҳои бузурги стратегӣ имконпазир гашт.

Ҳамчунин Ли Хуэй нуктаҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чинро муаррифӣ намуда, самтгириҳои он дар шароити пасопандемия ва таҳаввулоти баамаломадаро шарҳу тавзеҳ дод.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҷавобгӯй ба сатҳи баланди муносибатҳои ду кишвар  анҷом ёфт.

АКСҲО аз МТС

Январь 6, 2022 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид