Фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нақлиётчӣ» натиҷагирӣ шуд

Январь 31, 2022 13:28

ДУШАНБЕ, 31.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Набояд нисбат ба дастгирии сиёсати давлат бетараф буд, зеро тавре Сарвари давлатамон иброз доштаанд, «бетарафӣ ин бешарафӣ аст»,- чунин ибрози назар намуд Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Азим Иброҳим дар ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Нақлиётчӣ» — и Вазорати нақлиёт, ки дар Душанбе доир гардид.

Дар ҷаласа фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоии «Нақлиётчӣ» дар соли 2021 ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ гардиданд.

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим, ки ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидои ҲХДТ дар Вазорати нақлиёт «Нақлиётчӣ» мебошад, аз дастовардҳои ташкилот дар соли сипаригардида натиҷагирӣ намуда, зикр намуд, ки сиёсати пешгирифтаи роҳбарият ва Ҳукумати кишварро дар ҳамаи самтҳо бояд на танҳо ҷонибдор бошем, балки баҳри амалӣ намудани он аз тамоми имконот истифода намоем.  Вазири нақлиёт оид ба шумораи умумии аъзои ҳизб, корҳои анҷомдодаи ташкилот давоми сол, ҷалби ҷавонону занон ба узвияти  ҳизб ва дигар масоили марбута гузориш  дод.

Роҳдорону нақлиётчиёни кишвар соли 2021- соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда барои кулли сокинони кишвар-соли 30-солагии Истиқлолияти давлатиамонро  дар баробари дигар соҳаҳо бо дастовардҳои назаррас истиқбол намуданд.

Дар ҷаласа раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси комиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  Зулфиқор Гулаҳмадзода ва дигарон оид ба сиёсати пешгирифтаи ҲХДТ, нақшаву чорабиниҳои ҳизб ва нукоти дар ҷаласаи ҳисоботи солонаи ҲХДТ ироагардида сухан гуфтанд.

Вазири нақлиёт иштирокдоронро даъват намуд, ки дар замони рушди илму тахника дар истифодаи иттилоот тавассути расонаҳои хабарӣ, ки мақсади халалдор намудани осудагии кишварро доранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат баҳри рушду нумуи соҳа ва кишвар фаъолият намоянд.

         АКС аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ

Январь 31, 2022 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад