IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ боздошта шуд
ДУШАНБЕ, 04.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода шуда буд, шаби гузашта бинобар бориши шадиди барф ва тармафароии зиёд ҳаракати тамоми намуди нақлиёт аз тариқи роҳи Душанбе-Чаноқ боздошта шуд. Ҳоло бартарафсозии тармаҳои боқимонда, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш муташаккилона идома дошта, масъулин кӯшиш доранд, ки роҳ дар наздиктарин фурсат кушода шавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Филиали ширкат аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки то эълони кушодашавии роҳ аз ҷониби филиали ширкат аз сафар тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Чанок худдорӣ намоянд.
Баробари расидани иттилои нав оид ба вазъи роҳи мазкур маълумоти иловагӣ пешниҳод мегардад.
АКС: маркази матбуоти ширкати IRS








Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






