Коршиноси масоили сиёсӣ З. Давлатов: «Ҳодисаҳои Қазоқистон баёнгари онанд, ки он ҷо таҳаввулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист»

Январь 11, 2022 09:21

ДУШАНБЕ, 11.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаҳои 2-7 январи соли 2022 дар Қазоқистон рухдода баёнгари онанд, ки он ҷо таҳаввулоти ҷиддитаре дар ҳоли шаклгирист. Дар ин бора сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Зубайдулло Давлатов вобаста ба даргириҳои ахир дар Қазоқистон дар матлабе, ки имрӯз  АМИТ  «Ховар» нашр намуд, изҳор доштааст.

Ба андешаи коршинос, садо баланд кардани  гурӯҳҳои ифротӣ дар ин кишвар ба хотири ҷалби миллигароҳо баёнгари он аст, ки ҳам барои Осиёи Марказӣ ва ҳам барои Авруосиё таҳдидҳои ҷиддӣ дар роҳанд. «Аммо дар Қазоқистон то ҳол гурӯҳҳои ифротиро ҷиддӣ намегирифтанд ва фикр мекунам, дар шинохти ин гурӯҳҳо талоши ҷиддие анҷом намешуд. Ҳоло аз ин вазъ гурӯҳҳои норозии дигар ҳам метавонанд истифода кунанд. Аммо фикр мекунам, ки вазъ ором мешавад ва ин ҷо нооромиҳо идома нахоҳанд ёфт», — тазаккур додааст З. Давлатов.

Ҳар гуна нооромиҳо дар Қазоқистон, ба ақидаи коршинос, метавонанд ба кишварҳои ҳамсоя  таъсири манфӣ расонанд, зеро Ҷумҳурии Қазоқистон аз нигоҳи ҷуғрофӣ  ва нуфуз калон аст.

«Аҳамияти иқтисодии Қазоқистон барои Тоҷикистон хеле калон аст. Роҳҳои транзитии Қазоқистон ба Русияву Аврупо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои кишварҳои минтақа роҳҳои ҳаётӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамлаҳо  ба идораҳои давлатӣ, бонкҳо, беморхонаҳо кори дасти ифротиён аст, вале  дигар омилҳоро низ бояд ба инобат гирифт. Зеро пушти ҳамаи ин низоъҳо коргардонҳои аслии он меистанд, тавре Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев ба ин нукта сароҳатан ишора намуд», — иброз медорад сардори раёсати МТС.

АКС:  АМИТ “Ховар”

Январь 11, 2022 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад