«РУШДИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ». Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши кормандони соҳа доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.01.2022/АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 5 январ дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ вобаста ба омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён, муовини вазири маориф ва илм Гулчеҳра Ғанизода, сардорони раёсату шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорони мактаб-интернатҳо ва муассисаҳои дорои мақоми ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм Муҳаммаддовуд Саломиён дар мавзӯи “Рушди маориф дар меҳвари Паёми Президент” сухан ронда, зикр намуд, ки Президенти мамлакат дар Паёми худ зимни таҳлили бахши иҷтимоӣ ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, чунин таъкид карданд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Маврид ба таъкид аст, ки дар тӯли 30 соли Истиқлолияти мамлакат аҳли маориф ва илми кишвар дар баробари тамоми сокинони мамлакат дар устувор гардонидани пояҳои давлатдорӣ ва сиёсати иҷтимоии кишвар дар атрофи назару афкори созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дар рушду нумӯъ ва тарғибу ташвиқи низоми кунунии сиёсии мамлакат саҳми назаррасе гузоштаанд.
Сарвари давлат зимни ироаи паём раванд ва рушди босуботи соҳаи маорифро дар тӯли тантанаҳои истиқлоли кишвар мусбат арзёбӣ карда, барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолият ва таҳкими низоми маориф чунин ибрози андеша карданд: “Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”.
Тавре, ки огаҳӣ дорем, вобаста ба ин нуқтаҳои созандаи Президенти мамлакат якчанд стратегия ва барномаҳои давлатӣ, аз қабили Стратегияи рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2030 ба тасвиб расид, ки барои амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар соҳаи маориф мусоидат менамояд. Моҳияти ин таъкиди Роҳабари давлат он аст, ки дар ояндаи наздик мо-омӯзгорон дар омода кардани хонандагони забондон ҷаҳду талоши бештаре намоем. Зеро донистани забонҳои хориҷӣ барои ҳифзи манфиатҳои миллии мо дар арсаи байналмилалӣ, барои тарғибу ташвиқи бештари илму фарҳанг ва дастовардҳои мардуми тоҷик дар ҳамаи самтҳо, ҳамзамон, огаҳии комил доштан аз ҳамагуна навовариҳои олам мусоидат менамояд.
Дар идома Обидҷон Маҳмудзода-сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия ва Киромиддин Назаров-директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия вобаста ба даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва рақамикунонии соҳаи маориф андешаҳои худро иброз намуданд.
Зайнаб ҲУСЕЙНОВА,
корманди маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми ҶТ










ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд






