Рустами Эмомалӣ: Сатҳ ва сифати фаъолияти ширкатҳои мобилӣ беҳбудӣ тақозо менамояд
ДУШАНБЕ, 13.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 12 январ зимни ҷаласаи ҷамъбастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар баробари таҳлилу баррасии дигар соҳаҳо ба соҳаи алоқаи мобилӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, сатҳи хизматрасонии онҳоро аз ҳар ҷиҳат такмилталаб арзёбӣ намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зикр гардид, ки дар бисёр ҳолатҳо он имконоте, ки ширкатҳо дар рӯнамоиҳои хизматрасониҳояшон инъикос менамоянд, ба воқеият ҷавобгӯ нест.
Инчунин аз пешравиҳои соҳаи алоқа дида, сифати алоқа ва суръати интернет бениҳоят суст буда, таҷҳизот ва дастгоҳҳои соҳа зарурат ба таҷдиду навсозӣ доранд.
Бинобар ин, ба роҳбарони ширкатҳои мобилӣ дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин муддат ҷиҳати воридоти таҷҳизоти замонавӣ, баланд бардоштани сифатнокии хизматрасонии алоқаю интернет ва бартараф намудани дигар камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт






