Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 06.01.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Мавриди зикр аст, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Беларус дар 9 моҳи соли 2021 наздики 30 миллион доллари америкоиро ташкил намуда, ҳамкории дуҷониба дар асоси сиёсати оқилонаи Сарони ҳарду давлат ҳамасола тақвият меёбад.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд, ки ин дар баробари таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва татбиқи дигар стратегияҳо ба рушди соҳаи саноат, бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон замина мегузорад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар баробари баррасии соҳаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ба соҳаи иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, саноат, ҷалби сармоя ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии муштарак бештар мароқ зоҳир намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд






