«ТОҶИКИСТОН — КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Имрӯз дар Париж маросими ба анҷом расидани намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маросими ба анҷом расидани намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии «Гиме»-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Намоиш таҳти раёсати Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода ва Директори Осорхонаи миллии санъати Осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж Софи Макариу идома кард. Зимни он ҳамчунин нигоҳдорандаи коллексияҳои Чин ва Осиёи Марказии осорхонаи Гиме Валери Залески мазмуну муҳтавои асосии Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар ин муассисаи бонуфузи Фаронсаро мухтасар ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Дар маросими мазкур ходимони сиёсӣ ва намояндагони вазорату идораҳои Фаронса, хусусан Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Фаронса, олимону таърихшиносон, ҳунармандону тадқиқотчиён, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони васоити ахбори оммаи Фаронса, инчунин аҳли илму фарҳанги тоҷики муқими шаҳри Париж ва масъулини Сафорати Тоҷикистон дар Фаронса ширкат варзиданд.
Зикр шуд, ки мардуми Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо имкон доштанд аз бозёфтҳои таърихии Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, расмҳои деворҳои Панҷакенти қадима, муҷассамаи машҳури ҷаҳон Аҷинатеппа, Қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, осори камёби аз тиллою нуқра сохташуда ва ғайраҳо, ки хеле нодир мебошанд, дидан намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибфарҳангу ботамаддун, густариши робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаро яке аз авлавияти сиёсати хориҷии худ эълон намуда, ҳамкории фаъолу самарабахши фарҳангию башардӯстонаро бо кишварҳои олам, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Фаронса тавсеа мебахшад. Баргузории Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон низ аз намунаи барҷастаи ҳамин ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса мебошад.
Дар фарҷоми намоиш бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои саҳми арзанда дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса директори Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж Софи Макариу ва Валери Залески нигохдорандаи коллексияҳои Чин ва Осиёи Марказии осорхонаи мазкур бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки миллати тоҷик дорои таъриху тамаддуни ғанӣ буда, дар масири таърих ва замони муосир шуҳратёр аст. Дар идомаи сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии “Гиме”-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” ташкил гардида, осори гаронбаҳои миллати тоҷик муаррифӣ карда шуд.
Аввалин маротиба дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии “Гиме”-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса бо сарпарастӣ ва иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон 13 октябри соли 2021 ифтитоҳ гардида буд.
Дар муддати се моҳ таъриху тамаддуни ғанӣ, мавзеъҳои таърихӣ, осори фарҳангию ҳунармандии қадимӣ, санъати нотакрори миллати шарафманди тоҷик ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ бори дигар ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид.
Дар ин муддат баҳри муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии “Гиме”-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса қариб 300 ёдгорӣ аз даврони атиқаи халқи тоҷик то замони муосир аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас шуда, тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо пешниҳод карда шуд.
Ҳамчунин дар намоишгоҳ осори гаронбаҳои таърихи ниёгони миллати тоҷик аз Осорхонаи Британияи Кабир, ки бо номи “Хазинаи Амударё” маъруф аст, ба намоиш гузошта шуда буд.
Дар як қисмати намоишгоҳ нигора ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон, сарвати нодири таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ҷой дода шуда буд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 иброз доштанд, ки «Эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад.
Моҳи октябри соли ҷорӣ аввалин бор дар минтақаи Аврупо намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимеи Фаронса баргузор гардид.
Давоми се моҳ таъриху тамаддуни ғании миллати шарафманди тоҷик, мавзеъҳои таърихии сарзамини мо дар асрҳои гуногун, осори фарҳангиву ҳунармандии қадима ва санъати нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Аврупо муаррифӣ мегардад».
Миллати тоҷик тамаддунофар буда, дар таърихи умумии инсоният мақоми шоистае дорад. Намунаҳои пешниҳодшуда дар намоишгоҳ имкон дод, ки мардуми Аврупо бо дидани осори гаронбаҳо ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик ва имрӯзи Тоҷикистони соҳибистиқлол ғанӣ гардониданд, ки ин замина мегузорад ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф.
Хусусияти хоси намоишгоҳ дар он аст, ки осори ба маъраз гузошташуда аз ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт гардидаанд.
Фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таърих пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар ин даврон вобаста ба рушд ва ҳифзи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик иқдомоти зиёде амалӣ гаштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО 14 октябри соли гузашта иброз дошта буданд, ки «дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди тамаддунҳо ва арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат мегирад, омӯзиши амиқи таърих ва тарғибу ташвиқи мероси ғании таърихиву фарҳангӣ яке аз роҳҳои тарбияи таҳаммулпазирӣ мебошад. Воқеан, таърихи қадимаи халқи тоҷик ва мероси гаронбаҳои моддиву маънавии гузаштагони мо, аз ҷумла, ёдгориҳои таърихӣ бузургтарин мактаби худшиносӣ барои ҳар як фарди ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон аст.
Мардуми мо, аз замонҳои қадим то ба имрӯз ба ойину суннатҳои миллӣ ва арзишҳои аҷдодии худ арҷ гузошта, барои эҳёву ғановатманд гардонидани онҳо ва дар миёни аҳли ҷомеа густариш додани маросиму ҷашнҳои бостонии хеш пайваста саъю талош менамоянд».
Бояд зикр кард, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Фаронса дар баробари дигар соҳаҳои ҳамкорӣ бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва эътирофи манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд.
Баргузор намудани намоишгоҳ дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии “Гиме”-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса низ дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардида, ин тадбири нек ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ мусоидат мекунад, ки ин аз ташаббусҳои некбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон сарчашма мегирад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳар моҳ аз намоиши нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи миллии санъати Осиёии “Гиме”-и шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 12-13 ҳазор нафар сокинони Ҷумҳурии Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо дидан мекарданд.
Ҳар нафаре, ки аз намоиши мазкур дидан намуд, ба хубӣ пай бурд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари барои сайёҳӣ ҷолиб буда, дар баробари мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиии худ, инчунин зарфияти воқеӣ барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ низ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дорои беҳтарин ва бештарин имконият барои рушди сайёҳӣ буда, мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо дар қатори кишварҳои ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон ва мувофиқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид кишвари пешсафтарин дар самти сайёҳии рушдёбанда ворид гардидааст.
Дар намоишгоҳ мардуми Аврупо бо санъати меъмории миллӣ, расму оин, таъриху тамаддуни оламшумули миллати тоҷик, табиати мафтункунанда, захираҳои бузурги об, имконияти сайёҳӣ, кӯҳҳои баланд, дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва дар маҷмуъ аз таърихи оламшумули миллати тоҷик бархурдор гаштанд.
Ҳамаи ин исботи он аст, ки миллати тоҷик дорои таъриху тамаддуни куҳан буда, мероси тамаддунофари он омӯзанда мебошад.
Дар ин росто пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати мамлакат барои фатҳи музаффарияти бештар ва муаррифии ин ганҷинаи таърихӣ пайваста чораҳои мушаххасро амалӣ месозад.
Гиме- Осорхонаи санъати Осиёии шаҳри Париж охирҳои асри 19 аз ҷониби сарватманди саноатчӣ Эмил Гиме таъсис ёфтааст.
Осорхона бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион кушода шуда, баъдтар ба Париж интиқол дода шуд. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир мебошад.
Намоишгоҳ ва як силсила чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ, ки дар маркази фарҳанги Аврупо-шаҳри Париж баргузор гардиданд, дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо иқдоми бузургу саривақтист.
Зеро нафароне, ки ба ин чорабиниҳо ташриф оварданд, Тоҷикистонро ҳамчун сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз, кишвари меваҳои шаҳдбор, соҳиби иқлими ҷолибу боду ҳавои тоза, дорои манзараҳои зебои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумии нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат дарёфтанд, ки ин замина мегузорад ба бедор намудани завқу таваҷҷуҳи ташрифовардагон, омӯзиши фарҳанги тоҷикон ва боздид намудан аз сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон.
ДАР АКС: Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Фаронса Эманнуэл Макрон зимни боздид аз Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимей Ҷумҳурии Фаронса, (13.10.2021). АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»