ДАРАХТ БИНШОН! Дар Боғи «Тоҷикистон»-и ноҳияи Мастчоҳ ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда шинонида шуданд

Январь 17, 2022 10:33

ДУШАНБЕ, 17.01.2022 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи  ниҳолшинонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон»-и  ноҳияи Мастчоҳ иштирок намуда, ба корҳои ободонию сабзазоркунӣ дар ноҳия оғоз бахшиданд. Боғи «Тоҷикистон» 8 гектар масоҳат дошта, соли 2020 пас  аз навсозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  бо иштироки раиси вилоят, роҳбари ноҳия ва кормандони ташкилоту идораҳо дар ду мавзеи ноҳия- Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон» ва қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда шинонида шуданд.

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Тоҷикистон» 2000 адад гул, 520 адад дарахтони ороишӣ, 50 адад дарахтони мевадиҳанда мавҷуд буда, ҳамзамон дорои фаввораҳо ва суҳбаткадаҳо мебошад. Бо ташкили ҳашари ниҳолшинонӣ шумораи дарахтони ороишии боғ боз ҳам афзуд.

Дар қароргоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ниҳолҳои мевадиҳандаи чормағз шинонида шуданд.

Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати тақвияти корҳои сабзазоркуниву хуррамгардонӣ ва ободонию созандагӣ супоришҳо дода, зикр кард, ки мавзеъҳои истироҳатӣ ва маконҳои ҷамъиятии ноҳия бояд ҳамеша сабзу хуррам ва тозаву озода бошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Январь 17, 2022 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар Мастчоҳ беш аз 4000 бех ниҳоли ороишиву ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида мешавад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Лахш 1200 бех ниҳоли мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати шоҳроҳи Ваҳдат-Норак беш аз 1500 бех ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд
НАМУНАИ ИБРАТ! Дар замини назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун 8 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, боғи зардолу ва шафтолу бунёд гардидааст