35-солагии Истиқлолияти давлатиро бо корҳои азими созандагӣ пешвоз мегирем,-бардошт аз иҷлосияи вакилони Шуғнон
ДУШАНБЕ, 20.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Боварӣ дорем, ки сокинони шарафманди ноҳияи Шуғнон ҷашни бузурги миллӣ- 35 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, неруи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии ноҳияи Шуғнон истиқбол мегиранд. Ин нуктаро Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода дар назди вакилони мардумӣ иброз намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон.
18 феврал иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон, даъвати шашум доир гардид, ки дар кори он Раиси ноҳияи Шуғнон, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту корхонаҳои муассисашон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Ҳамзамон дар кори иҷлосия ба намояндагӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева иштирок дошт.
Дар оғози кори иҷлосия Раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуғнон дар соли 2021 ҳисобот дода, вазифаҳоро барои соли 2022 муайян кард.
Тавре тазаккур дода шуд, новобаста аз таъсири бемории сироятии коронавирус дар ин давра тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, тамоюли мусбати аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин карда шуд.
Зимни таҳлилу баррасии ҳамаҷонибаи натиҷаҳои фаъолият дар соли ҷорӣ Раиси ноҳия таваҷҷуҳи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вакилони халқро ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия давоми соли 2021 ҷалб намуд.
Ҷумъазода Ҷумъа изҳори боварӣ намуд, ки сокинони шарафманди ноҳияи Шуғнон ҷашни бузурги миллӣ – 35 — солагии Истиқлолияти давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, неруи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии ноҳияамон истиқбол мегиранд.
Дар фарҷоми Иҷлосия муовини раиси вилоят Нилуфар Асламшоева ҷиҳати баланд бардоштани рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳия ба роҳбарият ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дастур дод.
АКСҲО: МИҲД-и н. Шуғнон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






