CGTN: Президенти Тоҷикистон бозиҳои олимпиро инъикоскунандаи дастовардҳои бузурги Чин унвон намуданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо ширкати China Media Group ду рӯз қабл аз ифтитоҳи Бозиҳои Пекин, ки дар он ширкат менамоянд, иброз доштанд, ки баргузории Бозиҳои тобистона ва зимистонаи олимпӣ дар Пекин инъикоскунандаи он дастовардҳои муассиреанд, ки мардуми Чин то имрӯз ба он ноил гардидааст ва боз ҳам як намунаи барҷастаи тавоноии ҳамсояи бузурги мо мебошад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи хабарии байналмлалии Чин CGTN иттилоъ медиҳад.
«Бозиҳои олимпии зимистона дар Пекин, бешубҳа, на танҳо яке аз рӯйдодҳои калонмиқёсу беназири чор соли охир, балки падидаи таъсирбахши варзишии зимистонаи солҳои охир маҳсуб мешаванд»,-изҳор доштанд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат афзуданд, ки ин бозиҳо таваҷҷуҳи зиёди давлатҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ ва Африқоро ба худ ҷалб намуданд, ки дар онҳо варзиши зимистона чандон оммавӣ нест.
CGTN зикр менамояд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пойтахти Чин шиносанд.
«Ба сифати Президенти Тоҷикистон ман бори аввал ба Пекин дар моҳи марти соли 1993 ташриф оварда будам. Шурӯъ аз он давра чанд дафъаи дигар аз пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин дидан кардаам ва ҳар дафъа аз дигаргуниҳои назарраси симои ин шаҳр, ки дар он иншооти муҳташами қадимӣ ва биноҳои осмонбӯси дорои услуби муосири меъморӣ ба ҳам омадаанд, ба ваҷд меоям»,-таъкид доштанд Эмомалӣ Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки то ҳол эҳсосоту фараҳеро, ки ҳангоми ширкат дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 дар Пекин ба худ гирифта буданд, дар хотир доранд. «Онҳо дар ман таассуроти фаромӯшнашаванда гузоштанд»,- изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дастовардҳои Пекин дар рушди он ба сифати бузургшаҳр, бе муболиға, таассуроти амиқ мегузоранд ва онҳо- самараи заҳмати беандозаи тамоми мардуми Чин ва роҳбарияти кишвар ба хотири татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатие мебошанд, ки ба ислоҳоту навсозӣ равона шудааст.
АКС: скриншот CGTN








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






